Украина: Боз як зархариди ӯзбек кушта шуд

Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари узбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд.

Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари ӯзбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд.

Дар ин бора афсари артиши Украина Анатолий Штефан (Штирлитс) дар Telegram хабар додааст, ки зархариди ӯзбек 3 июл дар шарқи ин кишвар кушта шуд. Вай ҳамчунин акси шаҳрванди Ӯзбекистонро нашр кардааст.

Ба гуфтаи Штефан, ҷасади сокини 32-солаи вилояти Навоии Ӯзбекистон Ҳоҷиакбар Шарипов 6 июл ба ватан фиристода шуд.

Ҳамчунин, сомонаи «Миротворетс» низ аз кушта шудани Шарипов хабар додааст.

Ҷудоихоҳоне, ки бо Шарипов шинос буданд, дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» навиштанд, ки сокини вилояти Навоӣ бо лақаби «Ӯзбек» дар ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск ва задухӯрдҳои Авдеевка, Блеснаву Промка иштирок карда буд.

Бояд қайд кард, ки дар бораи ӯзбекистониҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон ё нерӯҳои ҳукуматӣ дар Украина меҷанганд, омори расмӣ мавҷуд нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *