Украина мехоҳад Русияро муттаҳам кунад

Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, Хадамоти амнияти Украина (СБУ) бо дастгирии Ғарб бо истифода аз моддаҳои заҳролуд иғво омода мекунад.

«Мо дақиқ медонем, ки ХАУ бо дастгирии кишварҳои ғарбӣ бо истифода аз моддаҳои заҳролуд алайҳи мардуми осоишта иғво омода мекунад. Ҳадаф аз ин иғво муттаҳам кардани Русия дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи аҳолии Украина аст… Ман расман эълон мекунам, ки дар воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ки дар амалиёти махсуси ҳарбӣ иштирок доранд, муҳимоти кимиёвӣ вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад”,- нақл кардааст РИА «Новости».

Конашенков қайд кардааст, ки низомиёни рус дар қаламрави озодшуда иншооти эҳтимолан хатарнокро таҳти назорат гирифта, фаъолияти муътадили онҳоро таъмин мекунанд, то аз ҳар гуна иғвогарӣ ҷилавгирӣ кунанд.

 «Илова мекунам, ки дар байни асноди ҷангие, ки мо дар бригадаи 4-уми Гвардияи миллии Украина гирифтаем, харитаи муфассали қаламрави Украина бо ашёҳои дар он нишондодашуда ва навъҳои моддаҳои заҳрноки захирашуда мавҷуд аст. ХАУ бо истифода аз моддаҳои заҳролуд ҳатман ошкор хоҳад шуд”,- афзудааст намояндаи Вазорати дифои Русия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *