Украина узви Иттиҳоди Аврупо мешавад

Украина мумкин аст мақоми узвият ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири ин кишвар Олга Стефанишина хабар дод.

«Украина анкетаро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем»,- навишт Стефанишина дар “Твиттер”.

Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен бо Владимир Зеленский дар Киев мулоқот кард ва анкетаро барои шуруъи гуфтугуҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.

«Роҳи шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кӯтоҳе хоҳад буд»,- гуфт раиси Комиссияи Аврупо.

Ҳафтаи равон Киев меҳмонони олиқадрро қабул кард. Пас аз раиси Комиссияи Аврупо сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон ба Украина ташриф овард.  Зеленский дар мулоқотҳо аз эҳтимоли ҳамлаҳои шадиди Русия хабар дода, аз Аврупо кумаки бештар хост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *