Ҳукумат андозсупорандагонро ҳавасманд мегардонад

 Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав ворид карда шуд, ки ҳадафаш рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва дар ин замина, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар арзёбӣ мегардад.
Дирӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд, ки тибқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои насупоридани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ қарздор шудаанд ва мақомоти марбута онҳоро ошкор намудаанд, агар аз рӯзи ошкор намудан дар зарфи 48 рӯзи бонкӣ онҳо ин маблағҳоро пардохт намоянд, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз намегардад ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.
Инчунин соҳибкорон агар ин маблағҳоро дар ҷараёни тафтишоти судӣ супоранд, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд. Ҳамзамон баъди аз ҷониби судҳо маҳкум гардидан нафароне, ки аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ қарздор шудаанд, маблағҳо ва фоизи онҳоро супоранд, аз адои ҷазо озод мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *