Ҳукумат ба бомжҳо шиносномаи ройгон медиҳад

Ҳукумати Ӯзбекистон чораҳои ҳимоят ва дастгирии шаҳрвандонеро тасдиқ кард, ки маҳали зисти муайян надоранд.

Бино ба иттилои Podrobno.uz, аз ин ба баъд, ҳангоми муроҷиати шахсони бесарпаноҳ ба шуъбаи муҳоҷират, маълумот дар бораи замону макони таваллуд, маҳалли зист, волидон, ҳамсар ва хешовандони наздики дигари онҳо муайян карда хоҳад шуд.

Дар сурати муайян нашудани шаҳрвандии шахси бесарпаноҳ, Хадамоти муҳоҷирати Ӯзбекистон ба ӯ ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсият хоҳад дод. Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ ӯро дар маконе сабти ном карда, будубошашро қонунӣ хоҳанд кард.

Агар шаҳрвандони бидуни маҳалли зисти муайян шиноснома ё қайди будубоши доимӣ надошта бошанд, ба онҳо дар асоси қайди муваққатии ҷои зист ҳуҷҷат дода мешавад. Ин гуна шахсон барои гум кардани ҳуҷҷат ҷарима нахоҳанд шуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони бесарпаноҳ аз пардохти боҷи давлатӣ барои шиноснома озод хоҳанд буд. Тамоми харҷҳо аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ пардохт мешавад.

Ба афроди бесарпаноҳе, ки дар ҳоли ҳозир дар марказҳои барқарорсозӣ ё мутобиқгардонӣ қарор доранд, пули равуо ба маҳалли зисти доимиашон пардохт карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *