Ҳукумат масъалагузорӣ мекунад…
Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.Сипас доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019, Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баррасӣ намуданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор намуданд.Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, омодагӣ ба гузаронидани фасли зимистон, таъмини бемайлони аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, таъмини ҳаракати муназами нақлиёт дар тамоми роҳҳои қаламрави мамлакат ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор дар иншооти таъйиноти гуногун дода шуданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.Баъд аз баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.Ҳамин тавр имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе боз 8 гулгашт таҷдид гардида, 58 майдончаи варзишии нави замонавӣ бунёд мегардад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ