Ҳукумат нархи сӯзишвориро танзим мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз болоравии «ногаҳонӣ ва беасос»-и нархи молу маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ ҷилавгирӣ кунад.
Ба ин манзур ҳукумат қарори махсусеро содир кардааст. Қарор «Нақшаи… пешгирии рискҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» унвон дошта ва аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст. Қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад, аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои барнома идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.Имсол ҳадди ақал се дафъа нархи гази моеъ ва пас аз он бензин дар Тоҷикистон гарон шуд. Моҳи июн нархи як литр гази моеъ дар Тоҷкистон якбора то 40 дар сад гарон шуд, ки норозигии ронандагон, хусусан ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро ба бор овард.Дар ду ҳафтаи моҳи июн қимати як литр гази моеъ аз 3 сомониву 40 дирам то ба 4 сомониву 70 дирам ва дар баъзе минтақаҳо то 5 сомонӣ дакка хӯрд. Он замон бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби болоравии нархро дар зери инҳисор ё монополияи чанд ширкат қарор гирифтани бозори маводи сӯхти Тоҷикистон донистанд.Қарори охири ҳукумати Тоҷикистон масъулияти нигоҳ доштани нархи сӯзишвориро бештар бар дӯши Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва Хадамоти зиддинҳисорӣ гузоштааст.Давлати Тоҷикистон гоҳо ҳангоми якбора боло рафтани нархи бензин бо истифода аз захираҳои Оҷонсии захираҳои давлатӣ ба бозор мудохилаи молӣ мекунад ва бензинро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш мебарорад. Аммо дар мавриди гази моеъ зоҳиран идораҳои давлат дасткӯтоҳанд.Дар Тоҷикистон аксар нақлиёти хурду бузург дар баробари бензин аз гази моеъ истифода мебаранд. Ба хусус, нақлиёти мусофиркашонӣ ва борбар. Ба ҳамин далел, болоравии гази моеъ ба қимати ҳама маҳсулоти бозор низ таъсир мегузорад. Дар Тоҷикистон ширкатҳои аслии воридкунандаи маводи сӯхт аз Қазоқистону Русия ба кишвар «Газпромнефт Тоҷикистон» ва «Фароз» номбар мешаванд. Ин ширкатҳо ҳиссаи аслии бозори маводи сӯхт, гази моеъ ва бензинро дар даст доранд. Ширкатҳои хурди дигар ва нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ маҳсулотро аз ин ширкатҳо харидорӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ