Қулфинайи бе заҳр дар куҷост?

       Чи хел мо метавонем муайян кунем, ки ин намуди қулфинай бе ягон моддаҳои химиявӣ бошад? Аз куҷо метавонем фахмид, ки қулфинай дар таркибаш чи мавҷуд аст?

Баъзе антибиотикҳое, ҳастанд, ки барои дар муҳлати дароз вайрон нашудани қулфинай хизмат мекунанд. Аммо ҳангоме, ки онҳо ба организми одам дохил мешавад, ҳароратро баланд ва дарди сарро зиёд мекунад. Пас чӣ тавр қулфинайро интихоб намоем?
Онро метавон аз ранг, бӯй ва андозааш фарқ намуд. Бӯйи қулфинайе ки, моддаҳои химиявӣ дорад, хеле хуш буда, нозук аст. Агар чунин набошад пас ба он моддаҳои химиявиро зиёд «хурондаанд»
Ранги қулфинай сурхи-баланд аст ва ҷилло медиҳад. Аз ин гуна ранг доштани ин хурдании бомазза фаҳмида мумкин аст, ки он дар таркиби худ моддаҳои химиявӣ надорад. Агар қулфинай ранги сиёҳи ҷилодор дошта бошад пас ин намуди қулфинай зарарнок аст. Яъне қулфинай бо «қувваю бозӯи»-и худ напухтааст.

Инчунин қулфинаи хушсифатро аз андозааш низ муайян намудан мумкин аст. Масалан қулфинайе ки сатҳаш пурра мебошад, нишонаи он аст, ки ин полезӣ тару тоза буда ва ба саломатии инсон ягон зарар намерасонад.

Аз барги қулфинай низ фаҳмидан мумкин аст, ки он тару тоза аст. Ранги барги ин полезӣ бояд сабз ва намнок бошад.

Кушиш кунед, ки дар интихоб хато накунед ва ба саломатию худ ва наздиконатон зарар нарасонед.

Таҳияи Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *