Улуғбек Рашидов ба Ӯзбекистон медали тилло овард, аз Тоҷикистон кӣ ба ин шарафёб мешуда бошад?!
Варзишгари ҷавони ӯзбек қуллаи баланди Олимпиада — 2020 дар Токиоро фатҳ кард
Шоми гузашта Ӯзбекистон соҳиби медали тилло гардид. Ва нахусти медали варзишгарони Ӯзбекистон «тилло» мебошад.
Онро таэквондочӣ Улуғбек Рашидов ба даст овард. Ӯ яке аз пешсафонест, ки пирӯзиро ба даст овард. Вай дар вазни 68 кило дар финал намояндаи Бритониё Брэдли Синден мағлуб кард.
Рашидов дар аввал натиҷаҳои таскинбахш нишон намедод: нахуст имтиёзҳояш нисбат ба ҳарифаш кам буданд, аммо дар байни раундҳо тавонист худро ба даст гирад ва бо ҳисоби 34:29 пирӯз шавад.
Дар синни 19-солагӣ Рашидов аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони олимпии Ӯзбекистон оид ба таэквондо гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ