Ҷумъаи хунини Балх, 140 кушта ва 60 захмӣ

Ниҳодҳои амниятии Афғонистон аз ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа ба як пойгоҳи артиши миллии ин кишвар дар вилояти Балх аз қабл иттилоъ дошта ва масъулини пойгоҳро чандин бор огоҳ карда будаанд.

Як манбаи муътамади амниятӣ ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 23 апрел гуфтааст, ки  бояд чораҳои пешгирӣ аз ин ҳамла гирифта мешуд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтӣ, панҷ масъули пойгоҳи артиши миллии Афғонстон дар Балх дар робита ба ҳамлаи рӯзми ҷумъа боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор доранд. Муҳаммад Ҳусейн, як сарбози афғон мегӯяд, ки онҳо баъди адои намози ҷумъа мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ҳамлаи хунин ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх 140 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо Толибон бар уҳда гирифтааст. Давлати Афғонистон ба хотири арҷгузорӣ ба қурбониён якшанберо рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз парчами Афғонистон дар дохилу намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ нима барафрошта шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *