Умар Мирзоев 20 сол гирифт
Суди вилояти Хатлон Умар Мирзоев, сокини 26-солаи шаҳри Душанберо, ки аз ӯ ҳамчун таъсисдиҳандаи як шохаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 1-уми декабр содир шуд ва аллакай қонунӣ шудааст.
Суди Хатлон Умар Мирзоевро дар таъсиси шохаи ДИИШ дар Тоҷикистон ва тарҳрезии чанд амалиёти террористӣ муттаҳам мекунад. Парвандаи ӯ бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “ташкили фаъолияти ташкилоти экстермистӣ”, “зархаридӣ”, “терроризм”, “ҷалб кардани дигарон ба ҷиноятҳои террористӣ” ва “Даъвати оммавӣ барои сарнагунии сохти конститутсионии Тоҷикистон” баррасӣ шудааст.Умар Мирзоев соли 2014 дар шаҳри Толяттии вилояти Самараи Русия тариқи интернет ба гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” пайваст ва соли 2015 корро дар самти таъсиси шохаи ин гурӯҳи тундрав дар Тоҷикистон оғоз кард.Ӯ дар идомаи “фаъолияташ” чадин амале содир намудааст,ки дар маҷмӯъ ҳамчун “терроризм” ном буруд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ