Умаров корро аз зиндонҳо сар мекунад

26 ноябр Мансурҷон Умаров -Сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки ҳамзамон муовини вазири адлия мебошад, гуфтааст, ки дар марҳилаи аввали кориаш ҳатман бо вазъи муассисаҳои ислоҳии кишвар ошно мешавад.

Мансурҷон Умаров рӯзи 23 ноябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуд. Генерал-лейтенант Умаров 53 сол дошта, 8 соли охир дар мақоми муовини аввали раиси КДАМ ифои вазифа кардааст.Дар вазифаи раиси зиндонҳо ӯ Иззатулло Шарифзодаи 64-соларо иваз кард, ки беш аз 12 сол дар ин мақом кор кардааст. Тағйирот дар сатҳи раҳбарияти раёсати зиндонҳо ду ҳафта баъди ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд рух дод. Мақомот гуфтанд, ки дар ҳодисаи шаби 7 ба 8 ноябр — 25 нафар, аз ҷумла 23 зиндонӣ ва ду зиндонбон кушта шуданд. Қазияро гурӯҳи вижаи додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *