Ҳумайро Дастгирзода – Голландия – Афғонистон
Бехи сўзон
Оташе дар рўзҳо равшан шуда,
Шаб ба рўйи тирагӣ хирман шуда.
Хирмани шаб посбон дорад дареғ,
Нури даври шаб чунон доман шуда.
Хирмани шаб посбон дорад дареғ,
Нури даври шаб чунон доман шуда.
То сиёҳӣ лашкаророӣ кунад,
Чашмҳо тиру нигаҳ ҷашван шуда.
Дастҳо ин дастҳои пурдағо,
Морҳои дар ду сўи тан шуда.
Чашмаҳо ин чашмасорони ақим,
Диданиҳо дида бе дидан шуда.
Шаб забони шуъла дорад дар даҳан,
Ҳамзабону зоти аҳриман шуда.
Войи ман, фонуси бо дунёи шаб,
Худ намоди хоси пайвастан шуда.
Войи ман, Фирдавсии рўшанравон,
Хонаам торику бе равзан шуда.
Мўйи духти порсиро мекананд,
Зол ҳам бо ту магар душман шуда?
Оташе к-аз ҳар тараф равшан шуда,
Бехи сўзони гулу гулшан шуда.
Оташи расвоию бадномӣ аст,
Ранги таслимии ҷону тан шуда.
Ман бурун оям, вале қақнуси мо,
Оташи ишқе зи ман рўшан шуда!.
Порсиро барфурўзам бор бор,
Ҷони ман давраш чу пероҳан шуда.
Оҳи Пири Тўс дастамро бигир,
Дасти ман дасти туро момон шуда.
Ҳар тараф аз ишқи шаб рўшан шуда,
Ҷони ошиқ ишқро ҷавшан шуда.
***
Парасту
Парасту буд,
Ки шохаро ба сабзии баргҳояш бахшид,
Ва ду боли кўчакашро,
Суфраи баҳор кард.
Ва
Рафт
Парасту буд,
Ки аз сабзистони дарах кўчид.
Ва канда шуданро суруде нахонад.
Оби бе такаллуфи об,
Ки хуршедро ва парастуро,
Ба як сон бозтоб аст,
Парасту буд.
Ки обҳоро дар имтидоди хуршед,
Мепаймуд.
Ва хуршедро,
Дар такрори об,
Месуруд.
Бе он ки аз кунда шудан,
Гириста бошад.
Ба қадри ҳарфе,
Бе он ки аз кўч,
Нолида бошад.
Ба зулолии ашке,
Орому пуршукўҳ,
Пероҳани дардашро,
Ба урёнии дарахт бахшид,
Ва баҳорро,
Бар болҳояш,
Ба сафари тоза бурд,
Парасту буд.
Аз хуршеде, ки саҳар,
Аз гиребонат парид.
***
Тардид
Фожаи кадом рўзи талхи?
Пур сару садо.
Ва ҷунбидан,
На ҷунбиш.
Зўзаи кадом дардӣ?
Боварат карда буд ойина.
Бо соддагӣ,
Боварат карда буд.
Мард, оҳой мард!
Ин сўй рўди хастагӣ,
Он сўй рўди танҳоӣ.
Тан ба тундии мавҷҳо,
Бидеҳ.
В-арна худро,
Талаф кардаӣ.
Нигоҳ кун,
Ойина ба дастони кўчакро,
Ки хуршедро,
Шикор кардаанд.
Оҳ, эй ҷинси бартар,
Ҷинси фурўтарро
Бигзор
Бимонад.
Дар шат
Ва ноҷии худ шав.
Шатро бигзор,
Занро
Дарёбад.
Ё бишкан,
Дар худи фаротар,
Дар худи бартар.
Ва дар нотавониат,
Бишкан.
Бишкан.
Бишкан.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ