Умедҷони Бурҳон: Ба касе монанд будан намехоҳам

Ҳамсуҳбати навбатии мо сароянда аст, аммо ҳаваскору тақлидкор не, балки дилбохта ва фидоии санъат. Аз замони кӯдакиву наврасӣ шефтаи ин соҳа аст ва кӯшиш мекунад тамоми нозукиҳои санъатро омӯзад. Солҳои зиёдест, ки суруд мехонад, аммо подоши заҳматҳояшро чанд моҳ пеш санъат ба ӯ дод. Яку якбора ду намоҳангаш хеле маъруф шуданд ва тамошобинонаш марзи миллионҳоро гузашт.

Ҳамсуҳбати мо Умедҷони Бурҳон аст, ки зимни мусоҳиба доир ба рӯзгору эҷодаш қисса кард.

— Мехоҳем суҳбатамонро аз корҳои охиратон, ки воқеан ҳам ду суруди наватон «хит» шуданд, оғоз кунем. Бигӯед, ки чӣ гуна идеяи тавлиди бозхонӣ кардани сурудҳои кӯҳна дар шумо пайдо шуд?

— Ростӣ, аз замони мактабӣ сурудҳои устод Рустами Қосимро гӯш мекардам. Рӯзе додарам суруди “Чашмони сиёҳ”-ро монд ва пешниҳод кард, ки ҳаминро бозхонӣ кунам. Сипас, онро бо Аҳлиддин Ҳакимов ва Манучеҳри Давлат омода карда, пешниҳод кардем.

— Намоҳангҳои сурудҳоятонро мардум хеле хуб қабул карданд. Бовар доштед, ки чунин мешавад?

— Боварӣ як тараф, ман ҳатто ин сурудҳоро дар аввал нашр карданӣ набудам, аммо бо тавсияи дӯстонам ба онҳо ҳамоҳанг карда, пешниҳод намудем. Шукр, ки мардум хуб қабул карданд.

— Як кори таърихии шумо дар банаворгирии клипҳоятон он аст, ки аввалин маротиба ҳунармандони саршиноси кишвар Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Холмуроди Сиддиқро дар чунин корҳо ҷалб кардед. Бигӯед, ки чӣ гуна онҳоро розӣ намудед?

— Вақте ки назди устодон рафтем, дар аввал розӣ нашуданд. Аммо пас аз оне, ки сурудҳоро гӯш карданд, розигӣ доданд. Ба фикрам, сурудҳоямон онҳоро ба ёди гузашта бурданд. Чун мо дар намоҳангҳо тӯйҳои соли 90-умро нишон додем, албатта, устодон ба ёд оварданд ва хостанд, ки бори дигар он фазоро бисозанду бубинанд.

Аз ҷиҳати молӣ чӣ гуна бархурд карданд, шояд гонорари калон хостанд?

— Пул назди ҳунари устод ҳеҷ аст, ҳар қадаре, ки диҳем, кам аст. Вале ба ҳар ҳол метавонам бигӯям, ки пули зиёд нахостанд.

— Дар намоҳангҳоятон ба ҷуз ҳунармандони касбӣ, инчунин блогерони шинохта ҳам буданд. Бо онҳо чӣ гуна ба мувофиқа расидед, ки иштирок карданд?

— Яке аз блогероне, ки дар клип ҳам нақши асосиро бозид ва ҳам сенарист буд, Ғолиб Мӯсоев аст. Саҳми ӯ дар таҳияи намоҳангҳо хеле калон аст.

— Дар клипатон Зубайдулло Самадзод (блогере, ки бо тахассуси «Зи ман ранҷидаӣ муаррифӣ шудааст) низ иштирок кард. Дар қисми якум хуб, аммо нақшаш дар қисми дуюм тамоман начаспида буд, оё инро ҳамчун хатогӣ қабул мекунед?

— Сараввал, ҳазор раҳмат, ки Зубайдулло дар намоҳанги мо иштирок кард. Мо сабти қисми дуюми клипро ба ду рӯз тақсим карда будем. Рӯзи аввал омад ва нисфи гонорарашро гирифт. Тибқи маслиҳат рӯзи дуюм низ бояд меомад ва боз ҳаққи корашро медодам, аммо рӯзи дуюм наомад ва гуфт, ки дар як тӯй ба ҳайси баранда бояд баромад кунад. Ӯ пулро аз сухан боло донист. Барои ҳамин ба гумонам намоҳанг ночаспон омад.

— Дар як барнома нақл кардед, ки вақти сабти клип пулатон тамом шуд ва Ғолиб Мӯсоев ба шумо кумак кард. Оё дар ҳақиқат ҳамин гуна шуд?

— Бале, дар ҳақиқат вақте ки пули ман тамом шуд, сарфу харҷро Ғолиб Мӯсоев карданд. Ҳарчанд он кас гуфтанд, ки ин гапро дар ҳеҷ куҷо нагӯям, аммо ман мегӯям, зеро одамгарии чунин шахсон бояд гуфта шавад.

— Ба фикри шумо чаро вақтҳои охир мардум суруди клипҳоро бо услуби қадима хубтар қабул мекунанд?

— Сабаб он аст, ки сурудҳои қадима аз гузаштаи мо ҳастанд. Барои мо гузаштаамон ҳамеша шавқовар аст, махсусан онҳое, ки синну солашон ба ҷое расидааст, ба ёди гузашта мераванд ва лаҳзаҳову пораҳои ширини рӯзгорашонро бори дигар варақгардон мекунанд.

— Сурудҳои қадимаро бозхонӣ кардан хуб аст ё суруди нав эҷод намудан?

— Фикр мекунам, ки ҳам ину ҳам он. Сурудҳои кӯҳнаро бозхонӣ кардан, пиронсолонро ба ёди ҷавонӣ бурдану ба ҷавонон нишон додан, ки санъати тоҷик чунин сурудҳои мондагор дошт, албатта хуб аст. Сурудҳои нав низ барои зиёд шудани таронаҳои муаллифии ҳар ҳунарманд муҳим ҳастанд.

— Боз ҳам аз эҷодиёти ҳунармандони солҳои пеш сурудҳояшонро бозхонӣ карданиед?

— Бале, ҳунармандони хубамон, ки ҳоло дар қайди ҳаёт ҳастанд, аз мо хоҳиш карданд, ки сурудҳояшонро бозхонӣ кунам ва албатта, ин корро мекунам.

— Шумо солҳои зиёд аст, ки сарояндагӣ мекунед, аммо ҳамин сол зиёдтар миёни мардум шинохта шудед. Чаро ин қадар дер машҳур шудед ба фикри худатон?

— Аслан, санъат худаш роҳи душвор аст. Сурудҳои зиёд таҳия мекунӣ, вале танҳо як ё дуи он машҳур мешавад ва ба воситаи он шинохта мешавӣ. Ман ҳунармандеро намедонам, ки як суруд таҳия намуда, бо ҳамон машҳур шуда бошад.

— Аксари сарояндаҳои машҳури мо маълумоти олии касбӣ надоранд. Аз ҷумла шумо дар дигар соҳа таҳсил кардаед. Ин соҳаро чӣ гуна омӯхтед?

— Ман дар ҷодаи санъат худомӯзӣ кардам, вале ният дорам, ки маълумоти олии овозхонӣ бигирам.

Умуман, барои сароянда доштани дипломи сарояндагӣ муҳим аст?

— Ин вобаста ба ҳолат аст. Фикр мекунам, ки ҳоло тариқи интернет ҳам мешавад нозукиҳои санъатро омӯхт. Барои мисол, ман тариқи интернет оҳангсозиро омӯхтам ва бо сарояндагони хубамон Шабнами Сурайё, Шаҳло Ҳафизова, Ҷаҳонгир Зарипов ва дигарон ҳамкорӣ кардаам.

Дар ҷодаи санъат киро устоди худ мешуморед?

— Эҷодиёти ҳамаи ҳунармандонамонро гӯш мекунам ва аз ҳамаашон чизе омӯхтаам. Ҳамаашонро ҳурмат мекунам ва устоди худ мешуморам.

— Шумо солҳои зиёдатонро ба санъат бахшидед ва инак, ба қуллаи мурод расидед. Давоми роҳатон чӣ хел мешавад, чӣ нақшаҳо доред?

— Мехоҳам ба касе монанд набошам ва услуби худро дошта бошам. Дар санъат ҷойгоҳи худамро пайдо намоям. Ҳамчунин, сурудҳои пайдарпай омода карданиям ва бо забонҳои хориҷӣ ҳам пешниҳод кардан мехоҳам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *