“Умед-88” рафту газ қиммат шуд?

Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд, дар ҳафтаи равон якбора 60 дирам боло рафт.

Агар ҳафтае пеш як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло онро 4 сомонӣ мефӯрушанд.Ронандагон мегӯянд, гази моеъ яке аз маводи арзонтарини сӯхт аст ва гарон шудани он, ба ҳамёни онҳо зарбаи сахт мезанад. Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо шудааст. Коршиносон мегӯянд, набуди рақобат ва берун шудани яке аз бозингарони аслӣ нархи гази моеъро боло бурд. Рустам Самиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, баландшавии нархи гази моеъ дар шароити феълӣ хосияти тиҷоратӣ ё даллолӣ дорад.Ба қавли Самиев, “бозингарони асосии ин бозор аз ихроҷ шудани ширкати “Умед 88” истифода мебаранд. Вақте муштариён дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед 88” гази моеъ пайдо намекунанд, маҷбур мешаванд, ки ба ширкатҳои дигар муроҷиат кунанд. Ин ширкатҳо вақте афзоиши муштариҳо ва талаботро мебинанд, ба худ иҷоза медиҳанд ки нархи гази моеъро боло баранд. Сабабҳои дигари обективии иқтисодӣ барои боло бурдани нарх дар инҷо вуҷуд надорад.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *