Умед Ҳасанбеков ба истеъмоли допинг муттаҳам мешавад
Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ муваққатан аз ҳаққи ширкат дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум гаштааст. Дар ин бора FIAS дар сомонаи расмии худ хабар додааст.
Дар рӯйхати нашркардаи Федератсияи байналмилалии самбо номи се варзишгар – Никита Яшин, Аслан Камбиев (ҳарду аз Русия) ва Умед Ҳасанбеков(Тоҷикистон) — зикр шудааст, ки дар истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои ин манбаъ, бар асоси Қоидаҳои зиддидопинги FIAS 12-уми сентябри соли равон ҳангоми ташхис дар бадани Умед Ҳасанбеков маводҳои мамнуъ — станозолол ва марбути метаболит (Stanozolol — 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба “рӯйхати сиёҳ”-аш ворид кардааст.
Ин се варзишгар барои истифодаи допинг аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот муваққатан маҳрум шудаанд ва ҷазоҳои дигареро, ки ба онҳо дода мешавад, Федератсияи байналмилалии самбо ва ташкилкунандагони мусобиқот муайян мекунанд.
Ёдовар мешавем, Умед Ҳасанбекови 30-сола, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки имсол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, медали нуқра гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ