Умед Гуреззода раиси созанда аст
Дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маъруф ба дарёи “Душанбе” диққатамро чанд рӯз аст, ки як чиз ҷалб мекунад. Самти роҳрави дарё, ки макони хуби давидану шомгоҳ бо дӯстону пайвандон қадамзанӣ аст, чароғон шудааст.
Ҳоло аз самти Маҷмааи “Шарқи Озод” то гардиши роҳи Кумитаи андоз пойдеворҳои зебои оҳанӣ ва чароғон насб гардидааст. Мегӯянд, ки ин чороғонкунӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода сурат гирифта, то маҳаллаи 63-юм идома меёбад. Ҳоло устоҳои барқ дар деворҳои бетонии қад-қади дарёи Душанбе насби чароғакҳои рӯшноидиҳандаро идома дода истодаанд.
Воқеан, раиси нави ноҳияи Фирдавсӣ, ки қаблан дар тими раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолият дошт, ташаббускору созанда ба назар мерасад.
Баъзан, ӯро пас аз шом дар кӯчаҳои атрофи ноҳияи Фирдавсӣ танҳо дучор мешавем. Мегӯянд, ки аслан рейд мегузаронад, то донад, ки то куҷо масъулини ноҳия супоришҳояшро иҷро кардаанду камбудиҳо рафъ шудаанд. Агар кас аз назди бинои МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ гузарад, инҷоро низ тозаву озода дармеёбад. Сафолакҳои назди бино, ки куҳна буданду вақти гузаштан кас пешпо мехӯрд, чанд рӯз пеш навсозӣ шудаанд.
Аз Умед Гуреззода умеди зиёд дорем.
Т. ШАКУРӢ, сокини ноҳияи Фирдавсӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ