Умеда бо корд Ҷамиларо бераҳмона куштааст
Дар ноҳияи Ёвон шахсе, ки Ҷамила Воҳидоваро дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш бераҳмона ба қатл расонида буд, боздошт шуд.
Дар ноҳияи Ёвон шахсе, ки Ҷамила Воҳидоваро дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш бераҳмона ба қатл расонида буд, боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тавре манбаъ менависад, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон дар якчоягӣ бо кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон гумонбари куштори сокини ноҳияи Ёвон, Воҳидова Ҷамила Артеловна, ки санаи 3-юми июли соли равон бо як бераҳмии махсус дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав, бо истифода аз корди ошхонагӣ ба ҳалокат расонида шуда буд, дастгир намуданд.
“Ин нафар Ғафурова Умеда, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати Обшорон мебошад, ки аз рӯи хусумати шахсӣ даст ба куштор задааст”, — омадааст дар иттилоия.
Айни ҳол нисбати Ғафурова Умеда дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ