Умеда Қурбондўхт – Тоҷикистон
Сароб
Ғазалҳоям саросар дарду ҳасратҳои ин дунё,
Дилам дар ҷустуҷўи бахти нопайдои ин дунё.
Хабар дорам, ки кулли одамиро бошад афкандан,
Ба рўйи номуроди санъати болои ин дунё.
Яке ҷўяд пайи модар, дигар қасди падар дорад,
Нагаштам ҳеҷ огаҳ аз сару савдои ин дунё.
Ҷавонӣ бар сарам афканда аз бас бебаҳо, кубро,
Зи сар мастӣ кунам ҳар лаҳзаи даъвои ин дунё.
“Чӣ зебо зиндагӣ” гўйӣ, вале пайваста ғам бинӣ,
Фиребад чашми касро манзари зебои ин дунё.
Касе ўро, ки сарват буд умре, оқибат гўяд,
Аҷал пеши рўяш, амон “аз войи ин дунё”.
Бимирам, Дилфигоро, гар фаромўшам кунад олам,
Ба номи неки худ донам, шавам ҳампои ин дунё.
***
Рўйи ту
Ёди рўйи ту маро аз ақл берун мекунад,
Ҷаъди гесўят маро ҳар лаҳза афсун мекунад.
Наргисат бо ғамзаҳои хеш бинмудам хароб,
Лек он ҳолам бидиду рашк афзун мекунад.
Оҳ аз он қалби хороят, ки ҳар дам бе сабаб,
Мардуми чашми маро оғўшта дар хун мекунад.
Бозӣ бинмояд насим ҳар гаҳ ки бо зулфони ту,
Рашк ин дил бар насими кўҳу ҳомун мекунад.
Акси моҳу меҳр бинам рўйи ту, ки ин ҳама,
Ҳайратам афзун ҳаме бар сунъи бе чун мекунад.
Ду лабони ғунчаворат во шуду дилҳо рабуд,
Гарчӣ раҳме нест, ҳоло аз чӣ Маҷнун мекунад.
Дилфигоро, ёр монад бар сипеҳри тезрав,
З-он ки ў ҳам вазъи худ ҳар дам дигаргун мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ