Умедаи гумшуда аз Норак ёфт шуд (аудио)

Умедаи 18-сола, ки рӯзи 23-юми март бедарак гардида буд, аз шаҳри Норак ёфт шудааст, вале маълум нест, ки чӣ тавр ба он ҷо рафтааст.

Хабаргузории «Азия-Плюс» аз қавли Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда мегӯяд, ки «баъди нашри хабар занг зада, ҷояшро ба мо гуфтанд. Як духтарак дидаст ва то омадани мо нигоҳ доштааст дар хонааш. Худоро шукр, соқу саломат аст».

Гуфта мешавад, ки то ҳол аҳли оилаи Умеда аз ӯ чанд рӯз дар куҷо ва чӣ гуна ба сар бурданашро напурсидаанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз нопадид гаштани Умедаи 18-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои зиёд нашр шуданд ва сабаби пайдо шудани ҷавондухтар кумаки корбарони фазои маҷозӣ гашт.

Бинобар ин, аҳли оилаи Умеда ба ҳама нафароне, ки дар ёфтани ӯ кумак карданд, изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *