Умедвориҳои Раиси амалкунандаи САҲА аз ҳамкори бо Тоҷикистон

Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора хабар медиҳад АМИН “Ховар”.

Анн Линде пас аз мулоқот бо Президенти кишвар гуфтааст: “Ман ба ҳайси Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додам, ки барои ман мояи шарафмандии бузург буд. Дар мулоқот доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намудем”.

Ба гуфти Анн Линде, «сафар ба Душанбе нишонаи он аст, ки мо чи гуна ба муносибатҳои байни САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори хосса медиҳем. Мо узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар САҲА дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунем. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва ҳамкории пурмаҳсул бо САҲА миннатдории бепоёни худро изҳор медорам».

 «Умедворам, ки дар оянда ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон, инчунин Шветсия  бо Тоҷикистон боз ҳам ба сатҳи баланд  бардошта мешавад»,-гуфт дар фарҷом Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линде.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *