Умре дар хидмати кӯдакон. Убайд Раҷаб 90-сола шуд!
Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб аҳли адаби кишвар ва алоқамандони осори шоир ҷамъ омаданд ва ёди неки ӯро карданд.
“Устод Убайд Раҷаб аз он адибоне буданд, ки барои рушди адабиёти бачагон дар Тоҷикистон хизматҳои беназир карданд. Ашъори он кас, беш аз 60 сол аст, ки вирди забони кӯдакон аст ва барои тарбияи ахлоқии онҳо мусоидат мекунад. Барои мисол шеърҳои “Олуча гули бодом, Ман духтараки додам” ё “Гумон накунед, ки ман хурд ҳастам, Ана мебинед, ҷорӯб дар дастам” ва даҳҳо шеъри дигари эшон дар ганҷинаи адабиёти бачагонаи мо қарор дошта, классикаи адабиёти бачагона ҳастанд”,- гуфт Камол Насрулло дар суханронии хеш.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз Убайд Раҷаб ба сифати ҷонфидои адабиёт ёд кард, ки наздики 20 сол сармуҳаррири “Садои Шарқ” буд ва дар тарғиби адабиёт нақши бориз дошт.
“Давраи тиллоии “Садои Шарқ” даврони сардабирии устод Убайд Раҷаб аст. Дар замони сардабирии ӯ теъдоди нашри “Садои Шарқ” аз 100 ҳазор беш буд ва ба ин васила осори адибони тоҷик ба дурдасттарин гӯшаҳои кишвар паҳн мегардид”,- гуфт Низом Қосим.
Ёдовар мешавем, ки Шоири халқии Тоҷикистон 15-уми майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко гардида, соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст. Соли 1961 бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду
адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966) котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст. Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.
Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон» (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча — гули бодом» (2012) ва ғайра мебошад.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғайра барои калонсолон офарида шудаанд.
Достонҳои «Шабчароғ»-у «Замин»-и ӯ дар мавзӯи тарбияи наврасон эҷод шудаанд. Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд.
Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст. Бунёдгузори Конуни кӯдакони Тоҷикистон
(1987-1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.
Ба дарёфти Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977), Диплом-мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мушарраф гардидааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994).
Бо медалу ифтихорномаҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардидааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
11-уми августи соли 2004 аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ