Умре дар хизмати мардум. Дар ҳошияи 90-солагии Исрофил Бобомаликов

Исрофил Бобомаликов, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, марди ҳалиму хоксор, содиқ ба касби хеш ва инсони хайрхоҳ ҷашни мавлуд доранд. Эшон 90-солагии худро дар ҳалқаи пайвандон ва ёру дӯстон таҷлил мекунанд.

Ҳоло Исрофил Бобомаликов дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Вақте ба аёдати эшон рафтем, ба мутолиа машғул буданд. Бароямон аҷиб буд, ки эшон дар 90-солагӣ бе айнак китоб мехонданд.

“Шукри Худованд, ки саломатиам хуб аст. Бо мутолиа, тамошои барномаҳои телевизион ва суҳбатҳову мулоқотҳо рӯзгори бознишастагиро пушти сар мекунам”,- мегӯянд эшон.

Рӯзгори ин пири барнодил намунаи ибрат ба дигарон аст. Эшон 20-уми майи соли 1934 дар деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Пас аз хатми мактаби миёна ва хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил намудаанд.

Солҳои 1958-1965 дар зодгоҳ ба сифати муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва котиби масъули ҷамъияти «Дониш» дар шаҳри Панҷакент фаъолият кардаанд.

Соли 1965 тақдир он касро ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Панҷакент овард ва то соли 1968 сарварии шуъбаи мазкурро ба зимма доштанд. Сипас барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд роҳхат гирифтанд. Пас аз хатми мактаби мазкур, солҳои 1970-1971 дар Кумитаи шаҳри Панҷакентии Ҳизби коммунист ба ҳайси дастурдеҳ (инструктор) кор карданд. Сипас тамоми фаъолияти меҳнатии худро бо мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пайвастанд. Шуруъ аз соли 1971, аз таъсисиёбии вилояти Ленинобод то соли 1995, яъне 25 соли пурра дар вазифаи сардори идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Ленинобод, имрӯза Суғд адои вазифа карданду бо ҳамин ба нафақа баромаданд.

Ҳоло эшон соҳиби 4 фарзанд, 18 набера ва 21 абера мебошанд. Дар оғӯши аҳли хонавода давлати пирӣ меронанду аз саломатии худ шикояте надоранд. Ба набераву абераҳо низ бештар хондани китоб ва соҳибмаълумот шуданро тавсия медиҳанд. 

Исрофил Бобомаликов Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мебошанд. Ҳамагон эшонро то ҳол ҳамчун коммунисти ҳақиқӣ, марди адолатҷӯ, ростқавлу ростгӯ мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Мо ҳам ба ин пири барнодил тани сиҳат ва умри дароз орзу мекунем.

Фарзона ШАМСИЕВА,

шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *