Умре, ки сарфи таҳқиқ шуд

Як сол мешавад, ки падари бузургворам Сайидумар Султони Кавкабӣ — олим, шоир, пажуҳишгар ва суханвари шинохтаи тоҷик аз олам даргузаштанд. Бо вуҷуди он, ки эшон 95 сол умр диданд ва то охирин лаҳзаҳо қаламро аз даст нагузошта кор карданд, фавташон барои мо фарзандон ногаҳонӣ ва дардовар буд…

Фоҷеаи оила

Падарам — адабиётшиноси маъруфи тоҷик Сайидумар Султон 27.12.1927 дар деҳаи Қалъачаи Калони ҷамоати Гули сурхи шаҳри Истаравшан дар оилаи муаррих ва шоир Сайидсултон ибни Сайидмузаффари Истаравшанӣ таваллуд ёфтаанд. Сайидсултон аз рӯи насаб ба хоҷагии Косонӣ ва ба Маҳдуми Аъзам, пири дастгир Сайид Муҳиддин Абулқодири Ҷелонӣ тааллуқ дошт.  Номбурда истеъдоди баланди суханварӣ дошт. Аз ӯ рисолаи “Таърих-ул-салотин” ва Девони ашъор боқӣ мондааст. 17.03. 1938 Сайидсултонро чун “душмани ҳукумати шӯравӣ”, бе ягон сабаб ба ҳабс гирифтанд ва бо ҳамин ӯ бе ному нишон гашт. Китобхонаашро бошад мусодира карданд. Баъди марги ӯ ҳамсараш ва яке аз фарзандони 4 солааш мефавтад ва падарам дар синни 10 солагӣ ятим ва дар тарбияи амакашон Баҳодуртӯра мемонад.

Роҳи тайкарда

Падарам китобхониро аз хурдсолӣ дӯст медоштанд. Аз синни 4-солагӣ хату саводро аз падарашон омӯхта, аллакай бо хати ниёгон шинос ва дар синни 8-10-солагӣ сураҳои “Қуръон”-ро аз бар карда буданд. Ҳамин аст, ки умре бо китобу маънавиёт буданд.

Роҳи тайкардаи эшон чунин аст:

1947 — Мактаби миёнаи ба номи Андрееви ноҳияи Ҳисор;

1948 — Курси яксолаи муҳосибтайёркунии шаҳри Ӯротеппаро хатм намуда, муддати ду сол дар Колхози “Правда” (ҳоло совхози Ӯротеппа) сармуҳосиб шуда кор мекарданд;

1949-1952 — Курси омӯзишгоҳи ғоибонаи шпҳри Ӯротеппа;

1949-1953 — Дар мактаби миёнаи №7 “Коммунист”-и Қалъачаи Калон 5 сол ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ дарс додаанд;

1954 — Ба факултаи таъриху филологияи ДДТ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намуданд;

1959-1963 — Лаборанти калони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1962 — Директори Мактаби коргарҷавонони шаҳри Норак;

1964-1982 — Муҳаррир, муҳаррири калон, мудири Шуъбаи мубодилаи афкор бо ҷумҳуриҳои бародарии сотсиалистии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон. Дар баробари он, аз соли 1968 то 1979 мухбири махсуси садо ва симои радиостансияи “Родина”-и Радиои умумииттифоқӣ дар Тоҷикистон буданд ва ба гирифтани унвони “Аълочии садо ва симои СССР” ноил гардиданд;

1982 — Ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон;

1986 — Дар мавзӯи “Нодим ва доираи адабии Истаравшан дар охири асри XVIII-XIX” таҳти роҳбарии Шарифҷон Ҳусейнзода рисолаи номзадӣ дифоъ карданд;

1991-2000 — Ноиб-Президенти Корпоратсияи байналхалқии илмию истеҳсолӣ ва тиҷоратии “Истаравшан” доир ба илму фарҳанг;

1994-1998 — Директори Коллеҷи саноеъи нафисаи Истаравшан;

1997 — Баъд аз таъсис додани рӯзномаи “Сурушан” сардабирии онро низ ба уҳда доштанд;

2000 — Сарвари Маркази илму фарҳанги Осорхонаи адибони “Доираи адабии Истаравшан”;

2003 — Сарвар ва роҳбари илмии Маркази илму фарҳанги Осорхонаи адибони “Доираи адабии Истаравшан”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2005 — Сардабири “Комуси Истаравшан” таъин шуданд ва ба навиштани Комуси дуҷилда машғул буданд;

Аз соли 2009 то соли 2021 ба сифати Ходими калони илмии бахши шарқшиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Эшон узви ҳавзаи шарқшиносони Ховар, узви Иттифоқи журналистони СССР ва Тоҷикистон (аз соли 1968), академики Академияи илму фарҳанг ва ҳунарҳои Осиёи Марказии “Нури Хуҷанд” буданд.

Олими тавоно

Падарам фаъолияти илмиву тадқиқотиро ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ оғоз карда буданд.  Баъди дифои рисолаи номзадӣ зиндагӣ ва эҷодиёти шоири маорифпарвари Бухорои Шарқӣ — Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро, ки аз назари муҳаққиқон дур монда буд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Бо ташаббуси эшон бори нахуст зиндагиномаи шоир барқарор ва намунаи ашъори ӯ дар Тоҷикистон нашр шуд. Дар нашри “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки соли 2019 ба вуқуъ пайваст, низ саҳми падар калон аст.

Бештари умри падар сарфи таҳқиқи муҳити адабии Истаравшан шуд. Эшон рӯзгор ва осори суханварони доираи адабии ин шаҳри куҳанро омӯхта, мақолаву рисола ва китобҳои зиёде таълиф карданд, ки бархе нашр шудаанд ва бархе ҳанӯз интизори чоп ҳастанд. Падар мероси илмию адабии парокандаи 2000 олимону адибони бо мурури замонҳои шадид аз назари аҳли илму таҳқиқ дур мондаи тоҷикро аз шаҳру ноҳияҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистону Маскаву Ленинград гирд оварда, перомуни аксарият мақолаву рисола навиштанд.

Дар умум, эшон муаллифи 320 адад рисолаҳои илмию тадқиқотӣ, 65 китобу 1120 мақолаҳои илмию тадқиқотӣ — ҷамулҷамъ 1400 адад осори нашршуда ҳастанд.  

Маркази илму фарҳанг

Падар баъди 70-солагӣ ба зодгоҳашон Истаравшан кӯчиданд ва то охири умр барои рушду равнақи шаҳр талош карданд. Бо ташаббус ва бо истифода аз маводҳои падар, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати шаҳри Истаравшан, соли 1989 дар назди Ҳукумати шаҳр дар асоси ҷамъиятӣ осорхона таъсис дода шуд. Соли 1992 аз рӯи зарурат дар назди осорхона “Маркази илму фарҳанг” низ ташкил ёфт, ки минбаъд он Маркази илму фарҳанги Осорхонаи адибони доираи адабии Истаравшан ном гирифт, ки 9-уми феврали соли 2008 таҳти №1-088/159 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар осорхона 4 ҳазор экспонатҳо вуҷуд доранд. 38 сол аст, ки олимону мухлисону тамошобинон аз онҳо дидан мекунанд…

Бузургдошт

Соли 2002 ба шарафи ҷашни 2500-солагии Истаравшан, бо ташаббуси падар матни илмии “Гулбоғи адибон”-и Истаравшан таълиф ёфт ва пешниҳод намуданд, ки аз 850 нафар шоирони гирдовардаашон нимпайкараи 25 нафари машҳуртарини онҳо гузошта шавад. Ба ин муносибат, хизматҳои шоёни дар соҳаи таъриху адабиёт ва фарҳанги тоҷик кардаашонро ба эътибор гирифта, дар ҷашни 70-солагии падарам Ҳукумати шаҳри Истаравшан фармон баровард, ки нимпайкараи Сайидумари Султони Кавкабӣ дар қатори шоирони бузурги Истаравшан дар гулбоғи адибони Истаравшан гузошта шавад. Нимпайкара ҳам пешакӣ тайёр карда шуд, вале бо хоксорӣ ва хоҳишу илтимоси падар иҷроиши ин фармон муваққатан мавқуф гузошта шуд. Аз рӯи шунидам, нимпайкара дар таҳхонаи Ҳукумати Истаравшан нигаҳдорӣ карда мешавад. Мо фарзандон илтимос ва хоҳиш мекунем, ки бо кумаки раиси ҳозираи шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, мувофиқи фармони соли 2002, баҳри гиромидошти хотираи неки падар, нимпайкараи Сайидумар Султони Кавкабӣ дар қатори шоирони бузурги Истаравшан гузошта шавад.

Дар рӯи мизи падар 165 адад рисолаҳои ба чоп омодашуда интизори нашр мебошанд. Кош бо дастгирии ҳимматбаландони Истаравшан онҳо рӯи чопро бинанд.

Рӯзи видоъ бо падар, 16-уми июли соли 2022 раиси шаҳри Истаравшан дар баромадашон ваъда карданд, ки барои гиромӣ доштани хотираи фарзанди фарзонаи шаҳри Истаравшан Сайидумар Султон ягон кӯча ё муассисаи фарҳангиро ба номи падар номгузорӣ мекунанд. Боварӣ дорем, ки раис ба ваъдаашон вафо мекунанд.

Малоҳат ҲАМРОЕВА, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *