Муфассал: Қумринисо аз ҷабри шавҳар худро оташ зад

Дар Ҳисор як зан дар пеши чашмони шавҳару фарзандонаш худашро оташ задааст,-ин хабарро як хонандаи фаъоли ҳафтанома тариқи телефон ба мо расонд.

Аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса ба чанд нафар дӯстонам, ки дар шаҳри Ҳисор умр ба сар мебаранд, занг зада кӣ ва аз кадом деҳа будани он занро пурсон шудам. “Шунидем, вале аниқ намедонем, ки чаро он зан дар арафаи иди саиди фитр даст ба худкушӣ задааст”, гуфт яке, дигарӣ бошад, ҳайратзада иброз дошт, ки “аз рӯйи овозаю миш-мишҳо ҷабрдида зани калонсол ва соҳиби келину набера будааст, барои чӣ ин зани рӯзгордида даст ба худсӯзӣ задааст, муаммои сарбаста аст”. Ҳисси кунҷковии журналистиам боло гирифту аз паси ҷустуҷӯи зани худсӯзӣ карда шудам, то сабабҳои қасди ҷони хеш кардани ин модари тоҷикро бифаҳмам. Бо гумони он ки шояд зан дар беморхонаи марказии зодгоҳаш бошад, роҳи Ҳисорро пеш гирифтем, вале маълум шуд, ки бо сабаби аз ҳад зиёд сӯхтанаш беморро ба беморхонаи касалиҳои сӯхтагии шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Маҷбур шудем, ки дубора роҳи пойтахтро пеш гирифта, дари беморхонаи №3-и шаҳри Душанберо кӯбем.

Тандуркабоби зинда

 Бо дидани чеҳраи зан “шок” шудам, зеро сару рӯяш он қадар сахт сӯхта буд, ки кас ба даҳшат меафтид. Аз одами зинда дида, ӯ бештар ба гӯсфанде монанд шуда буд, ки бечораро дар қурраи оташ тандуркабоб кардаанд.  Бӯйи ғализи равғани бадани одамизод дар палата паҳн гашта, нафас гирифтан душвор буд. Беихтиёр аз дилам гузашт, ки дар ин ҳавои гарму тасфон бо бадани сӯхтаву бирёншудаи пур аз хуну зардобу обила ин зани бечора чӣ қадар азоб мекашида бошад? Инсон бояд чӣ қадар дарду ранҷ дошта бошад, ки бо дасти худ ба сараш бензин ё салярка рехта, худашро оташ занад? Кадом беинсоф ин занро маҷбур кардааст, ки дар ҳамин дунё худро ба оташи сӯзони дӯзах андохта ба чунин ҳол гирифтор созад? Саволҳои беҷавоб майнаи маро гиҷ мекарданд, вале бо сабаби қатрадору гирифтанаш имкони бо бемор ҳарф задан набуд. Барои дақиқ кардани қазия бо хоҳари бемор ҳамсӯҳбат гаштем.

Дилором Исматова:
Шавҳараш апаамро буғӣ кардааст

Дар кор будам, ки занг зада гуфтанд апаат худашро оташ задааст. Бо шунидани ин хабари шум талхакаф шудам. Намедонам чӣ хел ба таксӣ нишаста ба хонаи апаам, ки дар деҳаи Лангари болои ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор воқеъ аст, рафтам. Аллакай ҷисми сӯхтаи апаамро ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бурда буданд. Табибон гуфтанд, ки 80 %-и баданаш сӯхтааст, зудтар ӯро ба беморхонаи №3-и шаҳри Душанбе бурда расонед ва мо чунин кардем. Дар ин ҷо ба мо гуфтанд, ки 70%-и бадани бемор сӯхтааст.

-Ин ҳодиса чӣ гуна сар задааст? Шоҳидон чӣ мегӯянд?

-Он рӯз фақат писари 12- сола ва наберачаи 3- солааш дар хона будаанд.  Намедонам байнашон чӣ гап гузаштааст, ки язнаам хеле апаамро лату кӯб мекунад, баъд мисли ваҳшӣ ӯро кашолакунон ба оғилхона бурда буғӣ кардан мехоҳад, вале доду фиғони апаамро як ҳамсояааш шунида дарвозаро мекӯбад. Шавҳараш апаамро раҳо карда ба сӯйи дарвоза меравад ва ба ҳамсоя рӯ оварда: “Ба зиндагии ман кордор нашав, рав аз паси кору бори худаш шав” гӯён, дарро аз дарун маҳкам мекунад. Азбаски ҷони апаам ба лабаш расида будааст, то омадани шавҳараш худашро оташ мезанад.

-Вазъи бемор чӣ гуна аст? Умеди шифо ёфтанаш ҳаст?

-Ростӣ, ҷисми сар то по сӯхтаи апаамро дида умедамонро канда будем. Қариб 10 рӯз мешавад, ки табибон барои ҳаёти ӯ мубориза бурда истодаанд. Ду рӯз пайи ҳам аҳволаш бисёр вазнин шуд, ба қавле манаҳашро баста аз нав кушодем. Хайрият, ки Худованд оби дидаи мову фиғону нолаи фарзандонашро шунида ба апаам умри дубора бахшид. Духтурҳо мегӯянд, ки аҳволаш рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст, Худо хоҳад, нағз мешавад…

Ба ғайр аз шумо боз киҳо аз аҳволи бемор хабар мегиранд?

Додаршӯйи хурдияш бо доруву дармон кӯмак расонида истодааст. Фарзандонаш омада хабар гирифта мераванд, дигар ягон хешу табори шавҳараш аз дари беморхона надаромадааст, на хабаргирӣ меоянду на занг зада аҳволи апаамро  мепурсанд.

-Дар бадани апаатон духтурон ягон осори лату кӯбро пайдо карданд?

-Намедонам апаам худашро дор кашидааст ё шавҳараш задааст, ки дар гарданаш пайи буридагӣ ҳаст. Наздиктар биёед бо чашмони худатон мебинед.

Зиндагии апаву язнаатон аз аввал носоз буд ё якбора аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт? Бештар барои чӣ ҷангу ҷанҷол мекарданд? 

паам аз рӯзе, ки шавҳар кард, ҷонаш дар азоб буд, вале сир бой намедод. Рози дилашро вай танҳо ба ман мегуфт, дигар пеши касе аз зиндагӣ шиква намекард. Чанд бор гуфт, ки маро бурда дар ягон хонаи бесоҳибон парто, безор шудам аз ҷангу ҷанҷоли ҳамин мардак, вале ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки ҷангу ҷанҷоли шавҳараш апаамро то ба худсӯзӣ мерасонад. Хотири фарзанду гапи мардум гуфта, худашро ба ин рӯз расонд. Ҳоли фарзанди падарамро дида дилу ҷигарам хун мешавад, -Дилором инро гуфта инони гиряро сар дод.

Қатрадору тамом шуд ва бемор ба сӯйи мо нигариста ишорат кард, ки наздиктар шинем. Дар ҳоле, ки лабонаш базӯр меҷунбиданд, ин зани ҷабрдида бо дарду ҳасрат саргузашти талхашро ба мо қисса кард.

 Қумринисо Исматова, ҷабрдида:

28 сол боз азоб доштам

-Ман модари 5 фарзанд ҳастам. Ду духтари калонамро ба шавҳар додам ва аллакай набера ҳам дорам, вале рӯзе нест, ки шавҳарам ғур-ғур карда, дилу ҷигарамро нахӯрад. 28 сол боз азоб дорам. Падари фарзандонам бо ҳар баҳона маро зери мушту лагад гирифта, қиёматро қоим мекунад. Ҳамон рӯзи наҳс писари синфи 5-ум мехондаам ҳамроҳи наберачаи 3- солаам дар хона буданд. Шавҳарам онҳоро дар хона маҳкам карда, маро аввал дар рӯи ҳавлӣ хуб лату кӯб кард, баъд мисли чорвои қурбонӣ кашолакунон ба оғилхона бурд. Ҷонам ба лабам расида фиғон кашидам, ки маро ба ҳоли худам гузорад, набошад ба сарам бензин рехта, худро оташ мезанам. Шавҳарам писханд зада гуфт: “Мекушӣ куштан гир, к…мурдатба, ҳаром мемурӣ”.  Аз афташ садои доду войи ман ба гӯши кадом ҳамсояе расид, ки дарвозаро кӯфтанд. Падари фарзандонам бо қошу қавоқи овезон берун баромад. Косаи сабрам лабрез гашта буд, ҷонҳавл аз оғил баромада ба ошхона давидам ва “аз чунин шавҳар доштан мурдан сад бор беҳтар аст” гуфта, ба сарам сӯзишворӣ рехтаму гӯгирдчӯб задам. Баробари шарора паридан оташ якбора аланга гирифта ба сару рӯям часпид ва дар як дам ман ба як гулхани зинда табдил ёфтам. Тамоми аъзои баданам дар кӯраи оташ аланга зада месӯхт. Аз сӯзиши ҷисму ҷон фиғони талх кашида додгӯён худро ба ҳавлӣ задам.

-Кӣ оташро хомӯш кард?

-Шавҳарам вақте дид, ки ман ба мисли гулхан аланга зада сӯхта истодаам, ба имдод шитофт. Аввал оташро бо дастонаш хомӯш карданӣ шуд, вале дид, ки шарораҳои оташ ба дасту панҷаи худаш часпиданду ягон илоҷи хомӯш карданаш нест, маро рӯйи дастонаш бардошт ва ба сӯйи канал давида ба канал партофт. Дигар чӣ шуд, ёд надорам. Вақте ки ба худ омадам, аллакай дар беморхона будам.

Аҳволи Қумринисо хеле вазнин буд, аз ҳамин хотир нахостем бо саволҳои бешумори худ беморро беш аз ин безобита созем.

 Шавҳари Қумринисо чӣ мегӯяд?

Шавҳари ин зан ҳоло дар куҷост ва чаро ягон бор ба аёдати модари фарзандонаш намеояд?- Ин савол моро водор кард, ки ба ҷустуҷӯйи ҳамсари Қумринисо афтем.

Пас аз кофтуковҳои зиёд фаҳмидем, ки мард ҳангоми наҷот додани занаш осеб дидааст ва айни замон дар беморхонаи марказии Ҳисор бистарӣ аст. Роҳи Ҳисорро пеш гирифтем, то назари ӯро низ фаҳмем.  Рӯи бистари беморӣ марде нишаста буд ду дасташ аз оринҷ поён докапеч, ришу буруташ расидагӣ ва дар чеҳрааш осори сӯхтагӣ намоён. Баъди аҳволпурсӣ мақсади омаданамонро баён намудем. Мард лаҳзае сукут варзид, пасон оҳи сарде кашида ба сухан даромад:

-Хоҳарҷон, бароям гапу хабари мардум кифоя аст. Ҳар дақиқаву ҳар соат ягон хабар меоранд. Намедонам, чӣ хел ба мардум фаҳмонам, ки ягон чизи ҷиддӣ нашудааст. Бинед, дастонамро сӯхтанд. Барои наҷоти ҳамсарам худамро ба коми оташ задам…

Мегӯянд, ки ҳамсаратон аз мушту лагади шумо ба ҷон расида, худашро оташ задаст?

-Ману модари фарзандонам 28 сол аст, ки зиндагии муштарак дорем. 28 сол умри андак нест. Мардаки ганда мешудам, занам баъди 3-4 соли зиндагӣ маро тарк мекард.

Шумо чанд фарзанд доред ва муносибататон бо модари бачаҳоятон чӣ гуна буд?

-Самараи умри мо 5 фарзанд аст, ки дутоаш оиладоранд. Албатта ягон зиндагӣ бе камбудӣ намешавад, вале муносибати ману занам чандон бад набуд.

-Муносибататон хуб бошад, пас, чаро модари фарзандонатон худашро оташ зад?

-Ростӣ, намедонам, ки чаро худашро чунин кард. Вақте дидам, ки ӯ месӯзад, рӯи дастонам бардоштам. Занам то ба беморхона расидан дар болои дастонам буд. Аз гармии баданаш  дасту рӯям сӯхт…

-Шумо худатонро дар худсӯзии ҳамсаратон гунаҳкор меҳисобед?

-Фалокат хабар намекардааст, кори шудагӣ шуд, акнун дар ин бора гап задан ва касеро гунаҳкор кардан маънӣ надорад. Хоҳарҷон, хоҳиш мекунам, дигар чизе напурсед, дарди худам басанда аст.

Мард нахост дар ин мавзӯъ суҳбати тӯлонӣ дошта бошем, аз ин рӯ, мо низ беш аз ин пурсуҷӯ накарда, бо ӯ хайрухуш кардем…

Маҳинаи Давлат

Шукрона

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *