Ҳунарҳои дастии тоҷиконро ба бонувони Қирғизистон омӯзониданд
Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мастер-класс оид ба зардӯзӣ баргузор гардид. Дар он натанҳо ҷавондухтарони ҷамоат, инчунин ҳамсолони онҳо аз деҳаи Оқсойи Қирғизистон иштирок карданд.
-Дар деҳаи Оқсой мо сехи дӯзандагӣ надорем. Хурсандам, ки ҳамсолонам аз Тоҷикистон моро ба чунин маҳфил даъват карданд-нақл мекунад шаҳрванди Қирғизистон Айдин Абдикаллак.
-Имрӯз дар баробари атласу адрас ва гулдӯзӣ, зардӯзӣ низ дар мӯд аст,-мегӯяд Таҳзира Тешаева, аъзои гурӯҳи тамосии ҷамоат.-Аз ин сабаб, ҳангоми қабули нақша-чорабинии муштарак баргузории омӯзишро оид ба зардӯзӣ пешниҳод намудем. Ба ҳамин восита, дар баробари эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷавонони Қирғизистон, мо мехоҳем онҳоро бо фарҳанги тоҷикон шинос намоем.
Ҳангоми сӯҳбат бо аксари иштирокчиёни мастер-класс маълум гардид, ки онҳо дар оянда мехоҳанд малака ва маҳорати андӯхтаашонро ба дигарон низ омӯзонанд. Аз ҷумла, Айдин мехоҳад дар оянда бо дастгирии омӯзгоронаш маҳфили дӯзандагиро барои духтарони деҳаи Оқсой ташкил намояд. Таҳзира бошад, гуфт, ки дар сехи атлас ва адрасбофӣ ба ғайр аз гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва мӯҳрабофиро низ ба роҳ хоҳанд монд.
Хушҳолкунанда он буд, ки ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мақсади асосии иштирок дар чорабинии муштаракро пеш аз ҳама, дар дӯстӣ ва ҳамкорӣ иброз доштанд.
Мавҷуда Саидалиева, зани моҳир аз ҷамоати Лаккон буда, солҳост ба дӯхтани зардӯзӣ машғул аст ва имрӯз ӯ бонувони ҳамсоякишварро ба ин ҳунар меомӯзонад, мегӯяд:
-Агар шавқу ҳавас бошад, дар як рӯз ҳам. аз худ мекунанд, зеро аз таҷрибаи худ медонам. Аз ин ҳунар даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.
Мастер-класс оид ба зардӯзӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияиҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон» бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиёни он дархост карданд, ки минбаъд онҳоро бештар ба чорабиниҳои ҳунаромӯзӣ даъват намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ