Ҳунарманд-Таҳмина Раҷабова ба кундаи бурс бархурда   ҷароҳат гирифт

 Нахустнамоиш филми  “Сайёра ранг иваз мекунад” аз 22 сентябри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш дода мешавад. жанри филми “Сайёра ранг иваз мекунад” мелодрамма, триллер, боевик буда, истеҳсолгар Муассиаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов” мебошад, ки миёни соли 2017-2018 истеҳсол шудааст.

Ба гуфти директори филмҳои “Суғдсинамо” Осим  Орифпур филм дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ ва толори тамошои “Суғдсинамо” дар каҳвахонаи Нуртекс намоиш дода мешавад.

                       Филм дар куҷо сабт шудааст?

Филм асосан дар шаҳри Хуҷанд ба навор гирифта шудааст. Чанд саҳнаи он дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба навор гирифта шуданд. Сабти филм наздик ду моҳ тӯл кашида, 5 моҳ танзим, садогузорӣ, оҳангзозӣ шудааст.

 Филм асосан доир ба арзишҳои ботинии ду табақаи инсонӣ қисса мекунад. Яке андеша мекунад, ки тамоми мушкилиро бо молу сарват ва давлат харида мешавад. Дигаре дар ботин онро мепарварад, ки ҳамачи бо сарват алоқамандӣ надорад. Масалан муҳаббат, ишқ, самимият, хоксорӣ ва инсон буданро бо пул харида намешавад. Дар филм ин ду андеша ба ҳам муқобиланд ва муборизаҳои шадид мебаранд. Дар интиҳо яке ғолиб меояд.

Дар филми “Сайёра ранг иваз мекунад” ҳунармандон: Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова, Дилбар Сулаймонова, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Ҳақназаров, Хуршед Мустафоев, Умар Алиев ва дигарон нақш бозидаанд. Инчунин дар филм мутахассисони баландихтисоси соҳаи синамо Муҳиддини Музаффар, Осим Орифпур, Дилошӯб Орифзода, Зайниддин Каримов, Даврон Восилӣ, Абдуазиз Абдураҳмонов, Кобилҷон Шарипов, Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, Кароматулло Норов, Суҳроб Муллошоев, Сарвар Ҳабибов, Баҳодур Тошматов, Анушервон Тилабов, Султонҷон Усмонов ва дигарон ҷалб шуданд-афзуд Орифпур.

                                                                  Мушкилоти «Суғдсинамо»

Оид ба мушкилиҳо дар вақти ба наворгирии филм директори филмҳои “Судғсинамо” гуфт: Филм объектҳои зиёди сабт дошт, ки ҳам барои гуруҳи ташкилӣ ва ҳам барои гуруҳи эҷодӣ мушкилӣ пеш меовард. Тамоми молу таҷҳизот ва техникаҳои сабтро бояд аз ин объект ба дигараш мебурдем ва ин маблағу ташвишҳои зиёдеро бо худ дошт.

Ҳолати нақшофарии Таҳмина дар филм

Чор моҳ ҳам ҳунармандон ва ҳам ҳайати эҷодӣ барфро интизор шуданд. Дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) аз рӯйи сенария бояд барф меборид. Аммо ин зимистон зимистони хушк омад. Риши қаҳрамони асосии филим Қурбон Собир баланд шуда ба ҳама корашон халал мерасонид. Аммо ҳайати корӣ таъкит мекарданд, ки бояд ришро қайчӣ назананд. Зеро дар филм бояд гузашти вақт нишон дода мешуд. Ноилоҷ бе барф такроран ҳунармандон ва гуруҳи корӣ ба макони сабт рафтанд. Саҳнаҳои бебарфро гуруҳи корӣ гирифтанд, пагоҳ бояд ба Шаҳристон мерафтанд, то ки саҳнаҳои барфиро бардоранд. Аммо субҳ барфро дар теппаву пушта дида ҳама шод шуд. Макони сабт, ки қариб 1500 метр боло аз сатҳи баҳр аст ва дар кӯҳ барои сабти филм хона сохта шудааст, даву ғеҷ мерафт. Зеро барфҳо об нашуда дар зарфи ду рӯз ҳаммаи саҳнаҳои филмро ба навор мебардоштанд.

Ҳангоми сабти яке аз саҳнаҳои филм китфи яке аз қаҳрамонҳои филм Таҳмина Раҷабова ба кундаи бурс бархурд ва ин ҳунарманд ҷароҳат гирифт. Се руз пайи ҳам зантабибони деҳа китфи ӯро табобат карданд ва ҳунарманд дар ин вазъи бади саломатӣ сабтиро филмро идома дод. Пас аз ба итмом расидани сабти филм Таҳмина Раҷабова дар яке аз беморхонаҳои Душанбе 2 моҳ табобат гирифт.

                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *