Универсиада-2017 шурӯъ шуд
Аз 19 то то 30 август дар шаҳри Тайпейи вилояти Тайвани Ҷумҳурии Мардумии Чин Универсидаи XXIX тобистонаи ҷаҳонӣ миёни донишҷӯён баргузор мешавад.
Тибки иттилои КМОТ дар ин чорабинии бонуфузи варзишии ҷавонон аз Тоҷикистон 7 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонба номи Саидмуъмин Раҳимов иштирок мекунанд. Муҳассилин Фаридун Ашӯров (дар дискпартоӣ ва гулӯлапартоӣ), Абдурауф Мӯсоев (гурзпартоӣ), Зарина Шарипова, Шаҳноза Баротова (тенниси рӯи миз), Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба баландӣ), Шӯҳрат Усмонов (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо, дар вазни 73 кило) қувва месанҷанд.
Ба барномаи Универсиадаи соли 2017 21 намуди варзиш ворид карда шудааст: 1. Бадминтон. 2. Баскетбол. 3. Бейсбол. 4. Вазнабардорӣ. 5. Варзиши сабук. 6. Волейбол. 7. Гимнастикаи бадеӣ. 8. Гимнастикаи варзишӣ. 9. Голф. 10. Дзюдо. 11. Камонварӣ. 12. Роллер. 13. Таэквондо. 14. Теннис. 15. Тенниси рӯи миз. 16. Ушу. 17. Шамшерзанӣ. 18. Футбол. 19. Футбол дар об. 20. Ҷаҳиш дар об. 21. Шиноварӣ.
Аз ин миён 14 намуди варзиш ба барномаи мусобиқаҳои варзишии донишҷӯён ба таври ҳатмӣ ворид аст: баскетбол, волейбол, варзиши сабук, гимнастикаи бадеӣ ва варзишӣ, дзюдо, таэквондо, теннис, тенниси рӯи миз, фехтования, футбол, футбол дар об, ҷаҳиш дар об ва шиноварӣ. Намудҳои боқимондаи варзишро кумитаи тадорукоти ҳар Универсиада ворид мекунад. Дар муқоиса ба Универсиадаи соли 2015 дар Кванҷуи Ҷумҳурии Корея ба барнома намудҳои роллер, вазнабардорӣ ва ушу ворид карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ