Қурғонтеппа номашро дигар мекунад?
Бо қарори маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва шаҳри Сарбанд ба Леваканд иваз карда мешавад.
Номи ноҳияи Бохтар баъди ин номро гирифтани маркази маъмурии вилояти Хатлон ба Кӯшониён иваз карда хоҳад шуд.
Рӯзи 28 июн маҷлисҳои маҳаллии шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Бохтар масъалаи табдили номи ин минтақаҳоро баррасӣ кардаанд. Вакилони маҳаллӣ аз пешниҳоди ба Бохтар иваз кардани номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон пуштибонӣ кардаанд. Ҳамин тавр, азбаски номи Бохтар ба маркази вилоят дода мешавад, вакилони маҷлиси ноҳияи Бохтар пешниҳод кардаанд, ки ба ин ноҳия номи Кӯшониёнро гузоранд.
Рӯзи 28 июн ҳамчунин вакилони маҷлиси шаҳри Сарбанд бо қабули як қарор аз ҳукумат хостаанд, ки номи ин шаҳрро ба Леваканд иваз кунанд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, қарор дар бораи табдили номи маҳалҳо ибтидо дар маҷлисҳои маҳаллӣ қабул шуда, сипас барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар фиристода мешавад. Ҳукумат ба навбати худ дар сурати пазируфтани ин қарор онро барои тасдиқи ниҳоӣ ба Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумон пешниҳод мекунад. Маъмуран ин раванд аз як то чанд моҳро дар бар мегирад.
Шаҳри Қӯрғонтеппа бо 100 ҳазор аҳолиаш дар даврони Шӯравӣ аз номгузориҳои идеологии он даврон эмин монда буд, вале шаҳри Сарбанду ноҳияи Бохтар бори аввал нест, ки табдили ном мекунанд.
Ноҳияи Бохтар ҳамчун воҳиди маъмурӣ соли 1944 бо номи ноҳияи Октябр таъсис ёфта, соли 1965 номи ин минтақа ба ноҳияи Коммунистӣ иваз карда шуд. Дар поёни солҳои 80 номи ноҳияро ба шарафи давлати қадимаи Бохтар ноҳияи Бохтар гузоштанд.
Аммо шаҳри Сарбанд дар солҳои 30-юми асри гузашта бо номи Калининобод бо шарофати сохтмони канали Вахш арзи ҳастӣ кард. Соли 1957 дар инҷо нирӯгоҳи машҳури Перепадная (ҳоло – нирӯгоҳи Сарбанд) сохта шуд. Дар соли 1996 номи шаҳр ба шарафи ин нирӯгоҳ аз Калининобод ба Сарбанд иваз карда шуд.
Раванди табдили номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон аз поёни солҳои 80 ба ин тараф идома дорад. Дар марҳалаи аввали табдили номҳои минтақаҳо асосан номгузории идеологии бозмонда аз замони Шӯравӣ иваз шуд. Аз ҷумла дар ин марҳалаҳои аввал шаҳри Ленинобод ба Хуҷанд ва вилояти Ленинобод ба Суғд, ноҳияи Пролетар ба Ҷаббор Расулов, Колхозобод ибтидо ба Ҷалолиддини Румӣ ва баъдан ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ленин ба Рӯдакӣ, Совет ба Темурмалик ва ноҳияи Москва ба Ҳамадонӣ табдили ном карданд.
Ҳамин тавр, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо исми аксари кӯчаҳо иваз шуда, ба ҷои кӯчаву хиёбонҳое, ки номи Ленину Коммунизм ва амсоли инро доштанд, даҳҳо кӯчаву хиёбону нақбу шаҳракҳо бо номҳои Истиқлол, Сомониён, Исмоили Сомонӣ пайдо шуданд.
Ҳатто қуллаи Коммунизм дар кӯҳистони Помир, ки баландтарин қулла дар Шӯравии собиқ буд, номи Исмоили Сомониро гирифт.
Аммо дар марҳалаи дувуми тағйири номҳои ҷуғрофӣ, ки тақрибан 10-12 соли охир вусъат гирифтааст, дар саросари Тоҷикистон исми узбекии минтақаҳои аҳолинишинро ба номҳои тоҷикӣ иваз карда истодаанд. Бовар меравад, ки табдили номи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам бахше аз ҳамин раванди аз байн бардоштани номҳои решаашон узбекист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ