Қурғонтеппа: Посбони литсей худро тарконд

Бар асари таркиши шаби гузашта дар назди бинои прокуратураи ҳарбӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа як марди 67-сола ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, дар дасти ин мард лавозимоти тарканда мунфаҷир шудааст.

Шаби якшанбе, 12 март таркиши шадиде кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппаро такон дод. Сокинони шаҳр мегӯянд, ки садои таркиш чунон баланд буд, ки аз маҳаллаҳои ҳамсоя шунида мешуд ва бисёриҳоро ба фикре бурд, ки шояд ягон ҷоро таркондаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вуқӯи таркиш дар Қӯрғонтеппа ва ҳалокати як нафар бар асари ин таркишро тасдиқ кард. Вале гуфта мешавад, ки сабаби таркиш ҳанӯз рӯшан нест:»Барои муайян намудани намуди дастгоҳи таркишӣ, тарз ва ҳолатҳои баамалоии таркиш чорабиниҳо андешида шуда истодаанд.«

Бино ба гузориши вазорати корҳои дохилӣ, «рӯзи 12-уми марти соли 2017, тахминан соати 21:27-дақиқа, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Айнӣ, наздикии бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон шаҳрванд Раҳмонов Ҳасанбой Эмомбердиевич, соли таваллудаш 1950, истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 63, ҳуҷраи 31, миллаташ ӯзбек, посбони Литсеи тамоюли техникии ш.Қурғонтеппа дар натиҷаи таркиши лавозимоти таркандаи дар дасташ буда, ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин таркиш парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Тафтиши қазияро ба додситонии вилояти Хатлон супурдаанд. Ин тафтиш маълум кунад, ки таркиши шаби 12 март дар Қӯрғонтеппа тасодуф буд ваё ин марди 67-сола худро таркондааст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *