Ҷӯра Юсуфӣ 60 сола шуд
Ҷӯра Юсуфӣ шоир, рӯзноманигор ва коршиноси адабӣ 60 сола шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб зодрўзашонро ба номбурда табрик мегӯем.
Ҷӯра Юсуфӣ 16 апрели соли 1957 дар деҳаи Худгифи сояи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст.
Номбурда яке аз рўзноманигори ҳирфаӣ ва пуртаҷриба мебошад. Яке аз дастёбтарин соҳибҳирфагон дар ҷодаи рўзноманигорӣ маҳсуб мешавад, ки анқариб ба 100 нафар аз рўзноманигорони шинохтаи кишвар ҳукми устодй дорад. Қаламат тезу бурро бод соҳибҷашн.
***
ОВОЗИ БОРОН МЕРАСАД
Бар гўши ҷонам ин саҳар овози борон мерасад
Овои Наврўзи Аҷам, савти баҳорон мерасад,
Монанди борон мешавам, аз абри ғамҳо меравам,
То ҳамчу тундар ғулғули гулханди ёрон мерасад.
Барфи вуҷудам мешавад об аз ҳазорон тобу таб,
Сад лола мерўяд зи дил, сад ханда мехезад зи лаб.
Ман кабки сармастам кунун, аз гармиҳо дорам ҷунун,
Аз дасти илҳом ин замон на рўз оромам, на шаб.
Ҳар шиквае буд дар дилам, аз дил бурунаш мекунам
В-он ҳарчӣ будӣ мушкилам, ин дам нагунаш мекунам.
Бинмуд хуршеди ҷаҳон сармои дайро нотавон,
Дил гар надорад оташе зору забунаш мекунам.
Оваҳ, чӣ сон бишкуфтаям аз боди масти навбаҳор,
Оваҳ, чӣ сон болидаам аз шодии дидори ёр.
Бардоштам дасти дуо: эй кошкӣ дар умри мо,
Ҳар лаҳза меомад баҳор, ҳар лаҳза меомад нигор!
http://tajikistantimes.com/tajikistan-3/%60/
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ