Урааа! 17 соат барқ медиҳанд

Ширкати «Барқи Тоҷик” эълон кард, ки аз рӯзи 5 январ ба аҳолии минтақаҳои таҳти лимит дар шабонарӯз 17 соат барқ медиҳанд. Лимити барқ ба ин тартиб якбора 5 соат сабуктар мешавад.

Ба сӯи бардоштани лимити барқ дар Тоҷикистон боз як қадами дигар гузошта шуд. Ширкати «Барқи Тоҷик” гуфтааст, аз 5 январ ба аҳолии минтақаҳое, ки бо маҳдудият барқ мегиранд, аз соати панҷи субҳ то даҳи шаб (05:00-22:00) бемаҳдудият барқ дода хоҳад шуд.

То имрӯз аҳолӣ дар ин минтақаҳои таҳти лимит, ки ба ҷуз аз пойтахт, шаҳри Душанбе ва чанд шаҳри саноатӣ, дигар боқӣ қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад, ҳар рӯз аз соати 5 то 11-и субҳ ва аз солати 16 то 22, яъне 12 соат дар шабонарӯз барқ мегирифтанд.

Ба ин тартиб, аз 5 январ лимити барғ якбора 5 соат сабуктар шуда, ба 17 соат дар шабонарӯз хоҳад расид.

«Барқи Тоҷик” гуфтааст, дар оянда лимити барқро пурра аз байн мебардорад. Аммо ин ширкат ҳамзамон аз мардум даъват кардааст, ки нирӯи барқро сарфакорона истифода баранд ва пулашро сари вақт бисупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *