Қуръакашии тақвими Чемпионати 26-уми Тоҷикистон

10 феврал дар шабакаи телевизионии «Варзиш» маросими қуръакашии тақвими Чемпионати 26-уми  Тоҷикистон оид ба футболи Лигаи олӣ  баргузор шуд.

Ба чемпионати соли 2017 пас аз иҷрои муқаррароти Лигаи олии футболи Тоҷикситон 8 даста роҳ дода шуданд. Инҳо  «Истиқлол», «Барқчӣ», КМВА «Помир» (ҳар се аз Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа)ва ғолиби просолаи лигаи якум «Панҷшер»(Ҷалолиддин Балхӣ) мебошанд.

Қуръапартоӣ муайян кард, ки дар мавсими нави  соли 2017 дастаҳо таҳти рақамҳои тартибии зерин бозӣ мекунанд:

  1. «Барқчӣ» (Душанбе)
  2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
  3. «Ҳосилот» (Фархор)
  4. «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
  5. КМВА «Помир» (Душанбе)
  6. «Хуҷанд» (Хуҷанд)
  7. «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
  8. «Истиқлол» (Душанбе)

Қуръакашӣ инчунин ду бозии аввалини тақвими Чемпионати 26-уми Тоҷикистонро байни дастаҳои Лигаи олиро муайян кард, ки чунин аст:

Даври якум

«Барқчӣ – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

«Вахш» – КМВА «Помир»

Даври дуюм

«Истиқлол» – КМВА «Помир»

«Хуҷанд» – «Вахш»

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Тақвими ду давраи мавсими нави футболи Лигаи олии Тоҷикистон-2017 ба наздикӣ муайян ва манзур гардонида мешавад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *