Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 02 август бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8683 сомонӣ, 1 евро = 8.7873 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1159 сомонӣ.
Бояд гуфт, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассисаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.8800 сомонӣ, 1 евро =8.8500 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1172 мебошад.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *