Қурби доллар боло рафт

Дар давоми як рӯз қурби доллар дар Тоҷикистон 2,7% боло рафт. Бегоҳии дирӯз доллар бо нархи 9,18 сомони фӯрухта мешуд, имрӯз 1 доллари амрикоӣ 9,43 сомонӣ шуд.
Қурби расмии муаяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои 11 июл 9,17 сомони аст.
БМТ боло рафтани қурби доллар нисбати сомонӣро дар тавозуни манфии савдои (тичорати) берунӣ , мебинад. Дар байни содироту воридот фарқи калон аст, ки мувозинатро вайрон кардааст. Дар панҷ моҳи охир савдои берунӣ 825 миллион долларо ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, асъори расмии сомонӣ нисбат ба доллар дар нимсолаи аввал 3,8 фоиз поён рафта буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8% паст мебошад.
Дар мувозинат нигоҳ доштани қурби асъор нисбат ба солҳо пешин хеле хуб арзёбӣ мешуд. Хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз соли 2016 инҷониб тариқи бонк сурат мегирифт. Се моҳи охир тоҷирон аз набудани доллар дар фурӯш, мушкил доштанд. Аз ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли равон инҷониб, дар филиалҳои бонкҳо доллари амрикоӣ камёфт гардид, ки онро коршиносон дар таҳрими Амрико нисбати ба Руссия медонанд.
Дар ҳоли ҳозир бисёре аз бонкҳои Тоҷиккистон амалиёти ивазнамоии асъори хориҷиро анҷом намедиҳанд. Дар баъзе бонкҳо фурӯши доллар маҳдуд буда, аз 50 то 300 доллар барои як нафар дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *