Қурби пули миллӣ боло меравад ё поён ?

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 2 сентябр бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8685 сомонӣ, 1 евро = 8.7750 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1178 сомонӣ.

 Бояд гуфт, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.9000 сомонӣ, 1 евро =8.8300 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1192 мебошад.

 БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *