Қурбонӣ ба кӣ ҷоиз аст? Шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон

 

Бисмиллоҳир–Раҳмонир–Раҳим

Зи некон бош, андар некӯӣ кӯш,
Макун некии кас аз дил фаромӯш!

Носири Хусрав

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Худованди яктову беҳамто, ки бо фазлу карами худ оятҳову нишонаҳое ба мо нишон дод, то бо ақлу тадбир роҳи ҳидояту наҷотро пайдо намоем. Худои меҳрубоне, ки паёмбарони ғамхореро барои таълиму тарбияи мо фиристод, то яке пас аз дигарӣ барои ободию рушду такомули оламу одам талош намоянд. Дуруду саломи бепоён бар ҳамаи онҳо ва хусусан бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Иди Қурбон яке аз идҳои исломӣ ба шумор рафта, ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад. Дар истилоҳи мардуми кишвари мо тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд. Чи тавре, ки дар иди Фитр, яъне ифтор ва хӯрдани баъди моҳи рӯза ё худ додани садақаи Фитр, ид ба Фитр нисбат дода шудааст, дар ин ҷо бошад, ид ба ҳамон суннати қадимаи қурбон нисбат дода шудааст, ки маънои иди наздик шудан ба Худост.

Аммо ин ид миёни мардуми араб иди Азҳо ном гирифта мешавад, ки ин ҳам ҳамон маънои иди қурбонӣ карданро дорост. Чорвое, ки дар ин рӯз кушта мешавад, узҳия, яъне қурбонӣ гуфта мешавад.

Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати ҳамдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзи иди саиди Қурбон барои мусалмонон хеле машҳуру маъруф аст. Дар ин рӯзи ид чандин корҳое вуҷуд дорад, ки бо анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, ҳамчунон ки Паёмбари гиромии Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст». Мақсад аз ин ду рӯз иди саиди Фитр ва иди саиди Қурбон мебошад. Дар дигар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ ва бахшидан аз якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст. Шайх Фаридуддини Аттор дар ҳамин маъно мефармояд:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,
Дар кушояд Ҷаннати дарбастаро

Бояд мо бидонем, ки иди саиди Қурбон аз замони ҳазрати Иброҳим (а) сарчашма мегирад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо фармони Худо ба сарзамини Фаластин рафт. Вақте ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки Иброҳим (а) бо ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт танҳо як ҷазираи бе обу гиёҳ буд, сафар намуда, он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд.

Дар синни 12-солагии фарзандаш Исмоил (а) ҳазрати Иброҳим (а) мавриди имтиҳони бузурги Худованд қарор гирифт. Он рӯз 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ки рӯзи саиди Қурбон аст, ба қурбонӣ кардани фарзандаш маъмур шуд. Иброҳим (а) бо фарзандаш Исмоил (а) машварат намуд ва ҳар ду ба майдони қурбонгоҳ рафтанд, то ҷигаргӯшаашро қурбонӣ кунад. Дар ин ҳолат тамоми фариштагони осмон нолаву зорӣ ба боргоҳи Худованд менамуданд, то Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд комёб шавад ва дуои онҳо иҷобат шуд. Ҳазрати Ҷабраил (алайҳиссалом) бо гӯсфанде иваз аз Исмоил (а) бо фармони Худованд бар замин фуруд омад ва Иброҳим (а) ба ҷои фарзандаш гӯсфандро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунанд.

Рӯзи ид рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, чаро ки ин рӯз рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.

Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунад, ки дар ин рӯз кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамон ва ҳамватанонамонро дар оғӯш гирем. Имрӯз метавонад ҳамчун рӯзи садоқат ва ваҳдату якпорчагии мо мусулмонони кишвари азизамон ҷашн гирифта шавад.

Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини Ислом бар бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рӯза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2)

Чун қурбонӣ ибодати молист, дар Ислом аз аҳамияти вежае бархӯрдор аст. Қурбонӣ яке аз шиорҳои Ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонварро холис барои Худои ягона ва барои ризои Ӯ забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд: “Пайғамбари Ислом (с) баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.

Қурбонӣ дар назди Имоми Аъзам (р) воҷиб аст ва фатво низ бар ҳамин аст. Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Нисоби закот ба ҳисоби имрӯза ба 17400 сомонӣ баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд. Агар шахсе хоҳад, ки қурбонии солҳои гузаштаашро диҳад, метавонад, ки пули қурбониро ба камбизоатон диҳад.

Агар дар як хона чанд бародар зиндагӣ кунанду ҳамагӣ соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб бошанду ҳамагӣ дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад.

Бархе аз мардум бар ин ақидаанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан бар онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин ақида ғалат аст ва асоси шаръӣ ва илмӣ надорад, зеро ки шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватмандӣ аст.

Қурбонӣ танҳо аз чорпоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст мешавад. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ дар қурбонӣ ҷоиз нест.
Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанд яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз аст. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори он садақа кунад.

Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар шикастагии он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳар ду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад ё бағоят лоғар бошад, ки дар устухони он мағз набошад ё дандонҳояш шикаста бошад ё гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону сарватмандон таом диҳад. Афзал ин аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ сарф кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба ятимону маъюбону бепарасторон тақсим намояд.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. Чунки асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом барои сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накӯкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарурат дорад. Аз ин хотир, дини Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Худованд мефармояд: «Дар некӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед». (Сураи «Моида», ояти 2).

Шайх Саъдии бузургвор дар фазилати некӣ ва эҳсон ба ниёзмандон чунин мефармояд:

Бузурге расонад ба муҳтоҷ хайр,
Ки тарсад, ки муҳтоҷ гардад ба ғайр.
Фурӯмондагонро дарун шод кун!
Зи рӯзи фурӯмондагӣ ёд кун!
На хоҳандаӣ бар дари дигарон,
Ба шукрона хоҳанда аз дар марон!

Ҳар шахси мусалмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон кӯшиш намояд. Ҳама гуна хайру саховате, ки аз ҷониби инсон иҷро мегардад, агар дар ҳамон ҷое, ки шариат фармудааст, анҷом наёбад, онро Худованд қабул нахоҳад кард. Лозим ба зикр аст, ки Худованди Мутаъол дар каломи худ маҳалли пардохти закот ва садақотро мушаххас намудааст, чунончи дар сураи «Тавба» мефармояд: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст». (Сураи «Тавба», ояти 60).

Чи тавре ки аз ояти мазкур маълум мегардад, садақа барои фақирону бенавоён ва афроди ниёзаманд бояд пардохт шавад, на ашхоси сарватманд ва бениёз. Аз ин хотир, додани садақа ба ходимони дин, рӯҳониён, махдуму саидзодаҳо ва шахсоне, ки соҳиби молу сарват ҳастанд, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дуруст намегардад.

Даруни парокандагон ҷамъ дор,
Ки ҷамъиятат бошад аз рӯзгор!
 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *