Қурбон Холов: Тулӯи ғурбатбор ва ғуруби кулфатбор

Ситорапари балети тоҷик ӯро дур аз ватан кушт

21 майи соли равон дар вилояти Ярослави Федератсияи Русия, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ситораи балети тоҷик дар қарни ХХ, педогоги бомаҳорати балет, ҳунарпешаи кино, Қурбон Холов дар синни 76- солагӣ, пас аз бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт. Қурбон Холов тӯли рӯзгори худ дар саҳна зебоӣ офарид, ба мардуми тоҷик ва санъати тоҷик хидмати софдилона кард, аммо поёни умрашро дар тангдастӣ ва фоҷеабор пушти сар намуду дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофарин супурд.

Ситорапар дар балет

Онҳо чанд нафар дар як давра рӯйи саҳна омаданд ва санъати ҷаҳониву дар Тоҷикистон ҷадид – балетро ба авҷи аъло бардоштанд. Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов, Сталина Азаматова, Қурбон Холов, Татяна Холова  ва… ва ҳамин нафарон устодони балети тоҷик маҳсуб меёбанд. Онҳо  рӯйи саҳнаи хурди театри навтаъсиси опера ва балети Тоҷикистони кӯчак ҷавлон мезаданду мерақсиданд, аммо аз қувваи истеъдодашон тамоми шӯравӣ ба шӯру шавқ меомаду мафтун мешуд… Кӣ гумон мекард, ки як рӯз зиндагии Малика Собирова –маликаи саҳна фоҷеабор дар синни ҷавонӣ канда мешавад? Музаффар Бурҳонов аз Ватан меравад? Қурбону Татяна низ аз арши шӯҳрат ба кӯйи ғурбат мераванду аз ин гурӯҳи муқтадир фақат хотира мемонад?… Рӯзгори ҳар яки ин ҳунармандон асари алоҳида метавонад бошад, аммо сухан аз Қурбон Холов аст. Қурбоне, ки мехост худашро рӯйи саҳна назди анбӯҳи тамошобин ба хотири санъати асил қурбон кунад, аммо дар ғарибиву тангдастӣ, қурбони бемеҳрии айём шуд…

Қурбон Холов ва Малика Собирова «Пайроҳаи раъд»

 Кист Қурбон Холов?

 Қурбон Холов 2 марти соли 1941 дар ноҳияи Шаҳринави  водии Ҳисор таваллуд шудааст. Баъди сеюним моҳи тавлиди ӯ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуду падари Қурбон ҳам ба ҷанг рафт, аммо дар муҳорибаҳо ба ҳалокат расид. Модараш низ ба сахтиҳои зиндагӣ тоб оварда натавонист ва аз гуруснагиву тангдастӣ ҷон бохт. Ҳамин тавр, Қурбонро ба ятимхона доданду ӯ дар ятимхонаи Шаҳринав ба воя расид.

Истеъдод фитрӣ асту дар вуҷуди инсон чун шуъла медурахшад. Дар вуҷуди Қурбон низ меҳру муҳаббат ба санъат пайдо шуд ва  ӯ худро ба ин ҷода бахшид…

Баъди хатми мактаби миёна Қурбон Холов ба яке аз маъруфтарин мактаби балети шӯравӣ – Омўзишгоҳи хорреографии Ленинград ба номи  А. Я. Ваганова дохил шуд. Дар ин макон ӯ аз мактаби устодони бузурги балет, амсоли  В.И. Шелкова, Б.В.Соловёва, И.М.Трофимова, Н.П.Румянсева, Б.В.Шаврова гузашта, нозукиҳои ин ҳунари ниҳоят душворро аз худ намуд.

Пас аз хатми омӯзишгоҳ соли 1961 Қурбон ба Душанбе баргашт ва фаъолияташро дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз намуд. Дар ин даргоҳи муқаддас ӯ ҳамавора заҳмат мекашид ва беҳтарин нақшҳову рақсҳоро иҷро намуд. Намоишнома ва нақшҳои офаридаи ӯ бо Малика Собирова на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Иттифоқи советӣ ба намоиш гузошта шудаву маъруф гардид.

Қурбон Холов ва Малика Собирова «Спящая красавица»

Аз балет то кино

Нақшҳои офаридаи Қурбон Холов Зигфрид дар балети «Зигфрид» Вагнер, Алберта дар балети «Жизель»-и, Адан, Феба дар балети «Эсмералда», Солора дар балети «Баядерка»-и Минкуса, Кармело дар балети «Любовь-волшебница»-и М. де Фал, Қайса-Маҷнун дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласаняна, Тибалда дар балети «Ромео ва Ҷулетта»-и С. Прокофев, Чингизхон дар балети «Темур ва Малик»-и М. Ашрафӣ, Кодир дар балети «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғайра дар санъати балети тоҷик таҳаввулоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Ин нақшҳоро ӯ на танҳо дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистон, балки саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ба намоиш гузошта, балети тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд.

 Қурбон Холов дар баробари балет дар кино низ нақшҳои ҷолиб ва мондагоре офаридааст. Нақшҳои асосиву эпизодии ӯ дар филмҳои бадеии «Ниссо», «Восточное сказание», «Волшебный цветок», «Лошади под луной», «Приключения маленького Мука», «Рубаи Хайяма» (филм-спектакл) ва ғайра дар ёди тамошобин нақш бастааст.  Ҳамчунин, Қурбон Холов дар филми ҳуҷҷатии «Адажио», ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Малика Собирова бахшида шудааст, симои асосиро офаридааст.

Қурбон Холов дар филми ҳунарии «Ниссо» (1964) (реж. Давлат Худойназаров

Барои хидматҳои сазовор дар рушду нумӯи санъат Қурбон Холов соли 1974 бо нишони Ҳунарманди шоистаи РСС Тоҷикистон ва ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардонида шуд.

Муваффақиятҳои калони Қурбон Холов агар аз як тараф, ба заҳматҳои шабонарӯзиаш иртибот дошта бошад, аз тарафи дигар, ба ҳамсари мушфиқаш – белерина, Ҳунарпешаи шоистаи РСС Тоҷикистон Татяна Холова муртабид аст. Татяна дар ҳама маврид Қурбонро танҳо нагузошта, такягоҳи ӯ буд. Онҳо тамоми шириниву талхӣ ва ғаму андуҳи зиндагиро ҳамроҳ пушти сар мекарданд. Аз пайванди Қурбону Татяна ду духтари гулрӯ ба дунё омад. Онҳо хушбахту шод буданд, гӯё шодиву хуррамиашон абадӣ буд, аммо…

Роҳ ба сӯйи ғарибӣ

Дар замони авҷи эҷодиёт шуҳрати ҳунари Қурбон Холов ва ҳамсараш Татяна Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрду дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Ҳукумати қонунӣ рӯз то рӯз заиф шудаву неруҳои тундгаро қувват мегирифтанд. Аммо онҳое, ки мехостанд сари ҳокимият оянд, на адабиёту фарҳанг барояшон арзиш дошт ва на театру балет… Бинобар ин, Қурбон маҷбур шуд, ки зану фарзандашро гирифта, тарки Ватан кунад…

Ибтидо оилаи онҳо ба Туркия  кӯчид. Барои пайдо кардани қути лоямут зану шавҳар ба сифати устодони балет ба фаъолият пардохтанду хостанд, зиндаги нав оғоз намоянд. Аммо бо вуҷуди заҳмату талошҳои зиёд, дар Туркия зиндагии онҳо ба маҷрои муайян надаромад. Бинобар ин, маҷбур шуданд, ки ба Русия ҳиҷрат кунанд. Аммо дар Маскав онҳоро касе мунтазир набуд. Маскави як замон модари ҳамаи халқҳои шӯравиро низ фоҷеаҳои 90-ум ба коми худ фурӯ бурда буд…

Қурбон Холов ва аҳли театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар намоишномаи «Дон Кихот»

Аз саҳнаи балет ба қишлоқи Русия

Нокомиҳо думболагирашон буд, на ҷойи зист, на кори муайян. Имконияти аз шаҳр пайдо кардани сарпаноҳро ки надоштанд, маҷбур шуданд, ки худашонро ба музофот зананд. Ҳамин тавр, аз деҳаи дурдасти  Спас-Подгореи ноҳияи Борисоглебскии вилояти Ярославск, хонаи куҳнаеро харидорӣ намуда, зиндагии фақиронаеро оғоз намуданд.

Тасаввур кунед, ду ҳунарманди маъруф, ду тан ситораи балет, ду Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, аз саҳнаи сеҳрофару меҳрофари театр ба рӯзгори сангини қишлоқи Русия афтидаву чӣ ҳол доштанд? Зиндагӣ барояшон душвор буд, нафақаи камро бо ҳосили замини наздиҳавлигӣ ва кӯмаки духтари калонӣ Назокат якҷоя карда, нӯг ба нӯг зиндагиашонро мегузарониданд…

Натиҷаи ду ҷанг 

«Зиндагӣ дар деҳаи рус ба Қурбон Холов сангин буд. Шароити  вазнину тоқатфарсои зиндагӣ, на кор, на даромад ва на кӯмак аз ҷониби давлат. Аз ҳама вазнин барояш бетаваҷҷуҳии ҷамъият буд. Дуруст, ки бархе аз дӯстон баъзан аз ҳолаш хабар мегирифтанд ва боиси хушнудиаш мегардиданд. Ҳатто як маротиба ӯро дар беморхонаи Маскав Ҳунарманди халқии Русия  Юрий Назаров, ки бо Қурбон дар «Тоҷикфилм» нақш офарида буд, хабар гирифт. Аммо ин гуна ҳолатҳо хело кам сурат мегирифт.» — менависад, Хуршеда Ҳамроқулова, адиб ва роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия.

Ҳамчунин, Ҳамроқулова мегӯяд: «Роҳи зиндагии ӯ бо азоб – аз ятим мондан оғоз шуд, аммо бо кулфат ва фоҷиабор анҷом пазируфт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ волидонашро аз ӯ рабуд ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  – Ватан ва саломатиашро. Қурбон Холов сахт бемор буд, муддати зиёд дар беморхона бистарӣ шуд, чашмонаш заиф шудаву намедиданд, билохира аз ду пояш маҳрум гашт. Аммо ғурурашро нашикаст ва назди касе сар хам накард, кумак напурсид…»

Афсӯс, мо — тоҷиконро одатест, дерина. Ба қадри бузургонамон пас аз маргашон мерасем. Мисле оне, ки имрӯз пас аз марг дар бораи Қурбон Холов менависеву афсӯс мехӯрем. «Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем…

Одили Нозир

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *