Қурбони Собир: Бо риши расида се моҳ интизори барф будам
Зимистони хушки имсола водор кард, ки ҳунарманди шинохтаи синамо, ҳунарманди халқии Тоҷикистон- Қурбони Собир се моҳ бо ришҳои расида на танҳо дар ватан гаштугузор кунад, инчунин ба давлати Исломии Эрон низ сафар намояд:
— Филми нави «Суғдсинамо» бо ном «Вақте сайёра ранг иваз мекунад» (номи корӣ) тақозо мекард, ки бо ришҳои расида ва дар замини пурбарф нақшофарӣ кунам. Ин қисмати филм дар деҳаи “Угуг”-и ноҳияи Деваштич, кидар онҷо зимистони ҳамеша барфи зиёд меборад наворбардорӣ шуд. Азбаски дар филм ришҳои ман расида буданаш лозим буд, маҷбур шудам се моҳ ришҳоямро натарошида гардам. Вақте ришҳоям дароз ва каме дилгиркунанда шуда буданд, сафаре ба ДИ Эрон пеш омад, ҳайрон будам бо риш равам ё “тозаву ҷавон” шуда баъдан ба Эрон равам. Вақте ба Муҳиддин занг зада вазъиятро фаҳмонидам хоҳиш кард ришҳоямро натарошам, зеро яку якбора барф бориданаш мумкин. “Устод хоҳиш мекунам то боридани барф бо риши расида тоқат кунед, чунки яке барф борида монад, барф расидани ришро интизор намешавад ” гуфт Музаффар…
Ин хотироти хурдакакро Қурбони Собир санаи якуми марти соли равон дар вақти нишасти хабарӣ, ки дар тарабхонаи «Нуртекс» бо иштироки рӯзноманигорон ва ҳайати эҷодии «Суғдсинамо» доир гардид нақл кард.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ