“Қурбонии “ навбатии ошуби зиндони Хуҷанд

Маъмур Аъзамов — прокурори калони прокуратураи вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи кормандони прокуратура ронда шудааст.

Ин тасмим дар мавриди Маъмур Аъзамов дар пайи ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ба далели «нобоварӣ” ва «иҷрои номатлуби вазифаи хидматӣ” гирифта шудааст. Аъзамов ҳамчун прокурор масъули риояи қонуният дар ин маҳбас низ буд. Маъмур Аъзамов моҳи июни соли ҷорӣ бо 10 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд, вале он дафъа тавонист худро аз ҷавобгарӣ халос кунад.  Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд, Маъмур Аъзамов – прокурори калони додситонии вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи прокуратура ронда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *