Қурбонова худро сӯхту се милиса аз кор рафт

Дар паи худсӯзии Истад Қурбонова се корманди Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар  ноҳияи Айниро бинобар бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаи касбӣ аз кор рондаанд. Ин се нафар Ғафуров Абдуқодир,Арбобов Саидалӣ ва Зиёев Идибой натвонистаанд ин ҳодисаро пешгирӣ кунанд.Истад Қурбонова, сокини 70-солаи деҳаи Варзиманори ҷамоати Айнӣ 20 рӯз пеш худро дар боздоштгоҳи ШКВД дар ноҳияи Айнӣ сӯзонида буд. Дар робита ба ин қазия нисбат ба  муовини сардори ШВКД Айнӣ низ парванда оғоз кардаанд.

Қубонова аввали моҳи январи имсол бо гуноҳи аз худ кардани қитъаи замин дар ҳудуди корхонаи «Сохтмон СТД» дастгир шуда буд. Наздиконаш гуфтанд, прокурори  ноҳия бо дархости адвокат  ӯро то анҷоми тафтиши парванда аз боздошт озод карда буд. Вале маъмурони милиса ӯро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *