Урузгон: Боз шаш пулис куштаю 30 кас ба асорат афтоданд
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ду ҳодисаи ҷудогона, дар қисмати ҷануби кишвар, дастикам 5 ходими пулис кушта ва 30 тани дигар рабуда шуд.
Дӯст Муҳаммад Ноёб, сухангӯи волии вилояти Урузгон гуфтааст, ки ҳодисаҳо дар шоҳроҳи байни вилоятҳои Қандаҳор ва Урузгон рух дод.Раиси пулиси Қандаҳор Генерал Абдул Розиқ ҳалокат ва рабуда шудани кормандони пулисро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки ҷангиён ба постгоҳи пулис ҳамла карда, шаш нафарро куштанд ва панҷ нафари дигарро захмӣ карданд.Сухангӯи пулиси Қандаҳор гуфт, ки талошҳо барои озод кардани ходимони рабудашудаи пулс пулис ҷараён доранд.Масъулияти куштор ва рабудани кормандони пулисро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Аммо раиси пулиси Қандаҳор Абдул Розиқ Толибонҳоро масъули ҳамла эълон кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ