USAID барои 141 зани осебпазири Хатлон 20-тогӣ мурғ ҷудо кард (аудио)
Барои кумак ба оилаҳои осебпазир ва баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ USAID барои 141 зани осебпазири вилояти Хатлон 20-тогӣ мурғ ва 120 кг хӯроки беҳтаркардашуда ба ҳар кадом ҷудо кардааст.
Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин хоҷагиҳо аз давраи қабули мурғҳо рӯзе ба ҳисоби миёна 15 дона тухм гирифта, оилаҳои худро бо хӯроки серғизо таъмин мекунанд ва даромади худро низ боло мабаранд.
Гуфта мешавад, ки USAID дар тирамоҳи соли ҷорӣ барномаро барои хонаводаҳои дигар низ паҳн мекунад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ