USAID пажӯҳиши бимаи кишоварзиро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард
Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) натиҷаҳои таҳқиқот дар самти бимаи кишоварзиро зимни як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд.
Дар он раҳбарон ва намояндагони тақрибан 40 ширкати бимаи маҳаллӣ, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои молии Тоҷикистон иштирок карданд.
Ҳадафи таҳқиқот муайян кардани имконпазирии таҳия ва пешниҳоди бимаи кишоварзӣ барои ҷуброни талафоти деҳқонон ва тиҷоратҳои соҳаи кишоварзӣ аз зарари офатҳои табиӣ ва мушкилоти бозор мебошад.
Далер Икромов, масъули ACDI/VOCA зимни суҳбат гуфт, ки“таҳқиқот нишон дод, ки бо назардошти офатҳои табиӣ ва вазъи обу ҳаво, маҳсулоти суғурта дар сурати таҳияи мувофиқ ва пешниҳоди ширкатҳо дар бозор муштарӣ пайдо хоҳад кард”.
Инчунин, дар чорабинӣ пажӯҳишгарон тавсия доданд, ки дар қадами аввал бима бо назардошти индекси обу ҳаво ва бимаи чорво таҳия ва озмоиш шаванд. Чунки василаҳои замонавии мудирияти хатарҳои пайдошаванда аз иқлим буда, ба деҳқонон ҷиҳати ҷуброни талафот аз офатҳои табиӣ имконият фароҳам меоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ