Ҳушдор: Аз сафар ба роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунед

Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз якбора таъғирёбии ҳарорати ҳаво ҳушдор медиҳад. Ба иттилои ситоди мазкур  аз 3 то 5 апрел дар кишвар ҳарорати ҳаво ноустувор шуда бориши шадиди борон, селфароӣ, раъду барқ ва фаромадани тарма дар назар аст.

 Аз ин рӯ масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш кардаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба баландкӯҳҳо ва ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Дар пайи боридани борон ва фаромадани туман ҳаракати нақлиёт имрӯз 3 апрел дар роҳҳои ноҳияи Шаҳристон душвор шудааст.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *