Ҳушдори охирин ба яроқдорони Бадахшон

Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтанд, ки алайҳи мардуми осоишта дар Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ амалиёт сурат намегирад.

Аммо мақомот таъкид карданд, ки агар «гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва шахсони алоҳида силоҳҳои худро то чаҳор рӯзи дигар насупоранд, алайҳи онҳо аз «чораҳои бетаъхир», кор гирифта мешавад. Дар изҳороти Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон, ки субҳи 12-уми октябр дар хабаргузориҳои давлатӣ ба нашр расид, гуфта мешавад, ки «то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад.» Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ қотеъона талаб намудааст, ки дар мӯҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳа супорида шавад. » Сокинони шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбати сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад»,-омадааст дар изҳорот. Мақомоти қудратӣ ваъда додаанд, ки «дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, нисбати онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешаванд.»Баъд аз интиқоди президент дар санаи 15-уми сентябр ин бори аввал аст, ки мақомоти қудратӣ аз натиҷаи кори худ дар вилояти Бадахшон хабар медиҳанд. Дар изҳороти мақомот гуфта мешавад, ки то имрӯз аз 21 нафар ашхоси дар кофтуков буда, 11 нафари онҳо ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Инҳо, Акимбек Акимбеков, Комрон Бозоров, Фируз, Мирзоев Пулод Шейхов, Рустамбек Каримбеков, Шертан Некқадамов, Шоҳғариб Болиев, Некруз Худоназаров, Ҳамиди Ташриф ва Музаффар Давлатқадамов будаанд. Ниҳодҳои интизомӣ ба дигар ашхоси дар ҷустуҷӯ буда расман ҳушдор додаанд, ки ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, дар акси ҳол «баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида пушаймонӣ суд надорад.»Дар изҳороти мақомоти қудратӣ аз амалиёти кӯшиши интиқоли силоҳ ва маводи мухаддир дар ноҳияи Шуғнон ёд шуда зикр мешавад, ки «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ» дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд.Мақомоти қудратӣ дар изҳороти худ ҳамчунин гуфтаанд, аз саркардагони гурӯҳҳо ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ, 136 адад силоҳ мусодира шудааст.Аз ҷумла, 57 адад автомати «Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад таппонча, 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориҷӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст.

 

Ҳушдори тунди мақомот дар ҳоле садо медиҳад, ки мӯҳлати додаи Президент  барои барқарор кардани тартибот дар Хоруғ баъди чаҳор рӯз ба охир мерасад. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр аз вазъи тартибот дар Хоруғ сахт интиқод кард. Интиқоди президент боиси тағйироти ҷиддӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Баробар бо ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд. Мавҷудияти силоҳи ғайриқонунӣ дар дасти сокинони Бадахшонро мақомоти тоҷик як дарди сари аслӣ дар ин вилоят медонанд.Зимнан, ду рӯзи пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ гуфт, гуруҳҳои муташаккил дар вилояти Бадахшон чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё ба ҳаёти осоишта баргаштаанд. Дар ҳоле, ки ба қавли мақомот, далелҳои ошкоркардаи онҳо нишон медиҳанд, ки ин даъво ботил аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *