Ҳушдори охиринӣ президент ба вазири корҳои дохилӣ

Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов танбеҳи ҷиддӣ ва бори охир огоҳӣ гирифтааст, ки дар кутоҳтарин муддат камбудҳои мавҷударо дар ниҳоди зери раҳбарияш бартараф кунад.

Ин ҳушдорро президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба вазири умури дохилӣ 10 январ дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар додааст.

Расонаҳои расмӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии президенти Туркманистон иттилоъ доданд, ки Муликов барои «иҷрои нодурусти вазифаҳои худ ва роҳ додан ба хато дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо» ҷиддан танбеҳ шудааст.

Муликови 43-сола ҳанӯз соли гузашта чанд бор талош кард, бо баҳонаи вазъи саломатияш аз кор равад. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ дасти кам як бор дар ин бобат бевосита ба президент муроҷиат карда, вале ҷавоби рад гирифт.

Додситони кулли Туркманистон Амонмурод Халлиев моҳи майи соли гузашта дар мазҳари ом аз сӯи президент сахт интиқод ва аз вазифа барканор шуд. Он замон Муликов ҳам танбеҳ гирифта буд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеаш дар ҳукумати Туркманистон иттилоъ дод, ки Халлиев баъди барканорияш ҳамроҳи даҳҳо корманди пешини мақомоти қудратӣ боздошт шудааст. Тақдири минбаъдаи ӯ ҳанӯз ҳам номаълум аст.

Искандар Муликов аз соли 2009 ба ин тараф вазири умури дохилии Туркманистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *