Ғусл накарда чой нӯшам?

Баъд аз ҳамхобагӣ ғусл накарда, чизе нӯшидан, бо касе гуфтугӯ кардан, дар миёни омма гаштан ҷоиз аст?

Сафӣ, ш. Душанбе

Посух

Дар Чаҳоркитоб омадаст, ки дар вақти ҷанобат будани бандаи муъмин хӯрдан, ошомидан ва бо дигарон суҳбат карданаш кори хуб нест ва кароҳият дорад, аммо инсон ҳеҷ гоҳ палид намешавад. Рафту зарурат пайдо шуда бошад, бояд мустаҳаби худро анҷом диҳад ва даҳону дасту рӯяшро шуста, баъдан аз пайи баровардани ҳоҷати худ ё шахси дигар шавад, масалан зане, ки кӯдаки ширмак дорад, барои ором кардани фарзандаш метавонад танҳо синаашро шуста, бачаашро шир диҳад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *