Усмонҷон Ғаффоров: Ба иродаи устод Улуғзода қоил мешавам
Имрӯз, 30 январ, яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, профессор Усмонҷон Ғаффоров, ки дар чеҳранигории таърихӣ сабки вижа дорад ва дар мавриди рӯзгору осори бузургони миллати тоҷик даҳҳо китоб навиштааст, 76- сола шуд.
Китобҳои профессор Усмонҷон Ғаффоров дар бораи Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Муҳаммад Осимӣ, Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, Султон Умаров, Зариф Раҷабов, Меҳрубон Назаров таълифоти арзишманду нодир ба ҳисоб мераванд.
Дар рӯзи зодрӯзи профессор Усмонҷон Ғаффоров pressa.tj суҳбати Одил Нозирро бо муаррих ба нашр мерасонад. Ин суҳбат пас аз нашри китоби Усмонҷон Ғаффоров “Сотим Улуғзода” сурат гирифта, чоп шудааст.
БА ИРОДАИ УСТОД УЛУҒЗОДА ҚОИЛ МЕШАВАМ…
Суҳбати журналист Одил НОЗИР бо муаллифи китоби «Сотим Улуғзода», чеҳранигор, профессор Усмонҷон ҒАФФОРОВ
“Бобоҷон Ғафуров”, “Турсун Ӯлҷабоев”, “Абдулаҳад Қаҳҳоров”, “Муҳаммад Осимӣ”, “Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ”, “Назаршо Додхудоев”, “Султон Умаров”, “Лоиқ Шералӣ”… шингиле аз даҳҳо китобест, ки муаррихи шинохта, профессор Усмонҷон Ғаффоров дар силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” офаридаву мардуми тоҷикро бо заҳматҳову хизматҳои фарзонафарзандони миллатамон ошно кардааст. Инак, аз ин силсила китоби ҷадиди эшон “Сотим Улуғзода” ба нашр расид, ки роҳу пурпечутоби ин нависандаи забардаст ва ранҷкашидаи тоҷикро бозгӯ мекунад. Дар ҳошияи ин асар суҳбате доштем бо муаллиф, ки фишурадаи онро манзури шумо мегардонем.
-Устод, ба қарибӣ китоби наватон «Сотим Улуғзода» аз чоп баромад. Бо нашри ин асари арзишманд шуморо табрик мегӯям. Ҳадафи рӯй оварданатон ба таҳқиқи зиндагии Сотим Улуғзода дар чист?
-Устод Сотим Улуғзода, нависандаи барҷастаи тоҷик, баъди устод Садриддин Айнӣ буда, мояи ифтихори адабиёти муосири мо ҳастанд. Банда осори Улуғзодаро дӯст медорам ва бо эшон шарафи шиносоӣ доштам, шоҳиди изтиробҳояшон будам ва аз шебу фарози зиндагиашон огоҳам. Ростӣ солҳои тӯлонӣ мехостам дар бораи устод асаре нависам, вале ҳеҷ имкон даст намедод. 19 марти соли 2009 дар мулоқоти навбатии хеш бо намояндагони аҳли зиё Президенти кишвар дар мавриди устод Улуғзода суханҳои наҷиб гуфта, эълон карданд, ки барои абадӣ кардани номи устод Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гузошта мешавад. Ҳарфҳои Ҷаноби олӣ ва ин ташаббусашон барои ман такон шуд ва китоби ман “Сотим Улуғзода” иншо гардид.
-Дар ин китоб маъхазҳои зиёди камёфт ва ёддоштҳои хонданӣ истифода шудааст. Шумо чӣ тавр ба ин қадар манобеъ дастарсӣ пайдо кардед?
-Ҳар он чизе ки дар асарам истифода кардам маводи китобхона ва бойгонии шахсии худам аст. Тавре ишора кардам, мухлиси осори Сотим Улуғзода ҳастам, бинобар ин аз охири солҳои 60-ум ҳар он чизе, ки дар мавриди эшон нашр мешуд, ҷамъоварӣ ва ҳар чизе мешунидам қайд мекардам. Дафтари хотироти худам низ ҳамчун манбаъ ба ман кӯмак кард, зеро вохӯриҳоямро бо устод муфассал сабт мекардам. Феълан дар китобхонаи ман зиёда аз ду ҳазор ҳуҷҷат дар мавриди устод Сотим Улуғзода маҳфуз аст.
-Шумо аз шиносоӣ ва вохӯриҳоятон бо Сотим Улуғзода ёдовар шудед. Кай бо эшон шинос шудед ва дар кадом давра бо он кас равуо доштед?
-Ман солҳои 1972-1975 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил мекардам ва гоҳ-гоҳ мошини шахсии устодам Зариф Раҷабовро мерондам. Маҳз дар ҳамин давра саодати аз наздик ошно шудан бо устод Сотим Улуғзода ба ман даст дод. Дар ин шабу рӯзҳо Сотим Улуғзода зери фишор буданд, аз сафи ҳизб хориҷ шудаву баъзе аз дӯстони нониву забониашон аз он кас рӯй тофтанд… Вале дӯстони ҷонии қадрдонашон ҳамеша дар паҳлӯяшон буданд. Бахусус Зариф Раҷабов ва Шарифҷон Ҳусейнзода, ки пайваста аз ҳоли устод хабар мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин айём ман ба сифати ронандаи мошини устодам Зариф Раҷабов ба ин бузургон ҳамроҳӣ карда, хизматашонро ба ҷо меовардам. Соли 1974 як ҳодиси аҷиб рух дод, ки онро нақл мекунам. Як рӯз устод Сотим Улуғзода ба ман телефон карда гуфтанд:
-Усмонҷон, ба ман Зарифҷон лозим.
Хабар додам, ки устод дар хонаашон ҳастанд…
-Бо иҷозат мошинро гирифта оед ва маро назди Зарифҷон баред.
Ин амрро иҷро кардам ва Сотим Улуғзодаро ба хонаи Зариф Раҷабов овардам. Баробари вориди хона шудан устод Улуғзода ба дӯсташон Зариф Раҷабов гуфтанд:
-Зарифҷон, худованд ба ман фарзанд ато кард. Чӣ мешавад, ки номашро дар пайравӣ ба амаки бузургвораш Зариф гузорам.
Зариф Шарифович одоти ниёгонро ба ҷо оварда даст ба дуо бардошта гуфтанд:
-Илоҳо Зарифҷон, инсони шариф шавад…
Баъди ин бо устодон сари миз нишаста қадаҳ бардоштем ва қадами неки фарзанди устодро муборакбод намудем… Ин гуна хотироти ширин дар бораи устод зиёд дорам, ки онҳоро қисман дар китоби “Сотим Улуғзода” дарҷ кардаам.
-Баъди фоҷеаи ба сарашон омада ва ”ради маърака” шудан Сотим Улуғзода чӣ ҳол доштанд? Аз касе ранҷида менамуданд? Дар суҳбатҳо чӣ мегуфтанд? Рафтору кирдор ва андешаашон чӣ гуна буд?
-Устод дар нишасту суҳбатҳо ғаму ғуссаи худро вонамуд намекарданд, албатта дар умқи чашмонашон дард ҳувайдо буд. Дигар ин ки эшон «ради маърака» набуданд. Баръакс, дар ин солҳо устод Улуғзода гули сари сабади маҷлису маҳфилҳо буданд. Фақат он касро ба маъракаҳои давлатӣ даъват намекарданд. Китобҳояшон чоп мешуд, асарҳояшон писанди хонандагон буд ва бо ихлосмандонашон ҳамеша дар иртибот буданд. Писари Ҷалол Икромӣ, олими номӣ, доктори илмҳои кимиё, профессор ва публитсист Ҷонон Икромӣ, ки бо Сотим Улуғзода ҳамсоя буд, нақл мекунад, ки дар он шабу рӯзҳо Улуғзодаро аз дурру наздик хонандагони асарҳояшон дидорбинӣ меомаданд. Ҳамдиёрону шогирдон низ пайваста аз ҳоли устод хабар мегирифтанд. Он солҳо мушоҳида мекардам, ки баробари дар ягон маҷлису маҳфил пайдо шудани устод Улуғзода дар атрофашон хонандагон, шогирдон ва мухлисонашон парвона мешуданд.
Аксари адибон, рӯзноманигорон ва аҳли ҳунар аз қабили Лоиқ, Сорбон, Бозор Собир, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Валӣ Самад, Мақсуди Ҳусейн, Ҳабибулло Файзулло, Одина Ҳошим Мутеулло Наҷмиддинов ва ғайра, ки муштоқи суҳбатҳои Улуғзода буданд, он касро танҳо намегузоштанд.
Албатта, устод Сотим Улуғзода шахси дурбин буданд, худашонро ба ҳар маҷлису маърака намезаданд. Ҳадашонро медонистанд, агар самимӣ даъват кунанд мерафтанд, вагарна не. Як лаҳзаи ҷолибро дар робита ба суолатон нақл мекунам, ки дар китоб низ дарҷ шудааст.
Соли 1976 ҷумҳурӣ барои таҷлили ҷашни 150 солагии Аҳмади Дониш омодагӣ медид. Устод Сотим Улуғзода ба пешвози ин санаи таърихӣ песаи «Алломаи Адҳам ва дигарон»-ро менависанд, ки онро Маҳмудҷон Воҳидов дар Театри академӣ-дарамавии ба номи А. Лоҳутӣ ба саҳна гузошт. Санаи 15 декабр зимни нахустнамоиш устод Сотим Улуғзода каме мушавваш буданд. Он кас, ки тамғаи «аз сафи партия рондашуда» доштанд, дар як гӯшаи толор рафта нишастанд ва спектклро тамомшо карданд, то ки ба «иззати насфи» баъзе аз нотавонбинон нарасанд ва ба ин васила ба спектакл зарар нарасад.
Баъди намоиш аҳли толор ва худи ҳунармандон «муаллиф» «муалиф» гӯён аз устот талаб карданд, ки ба саҳна бароянд. Аммо устод инро ба худ раво надиданд ва аз толор даст афшонда ишора карданд, ки майли саҳнабароӣ надоранд. Вале толор наменишаст… Баъди ин академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессор Соҳиб Табаров ва коргардони намоиш Маҳмуди Воҳид устодро аз ду китфашон истода ба саҳна бароварданд. Аҳли толор беист қарсак мезад ва ҳунармандон «ташаккур барои асари марғуб» гуфта устодро оғӯш мекарданд ва мебӯсиданд.
Чунин буд, муҳаббати мардум, муҳаббати хонандагон ва алоқамандонашон ба устод Сотим Улуғзода.
-Вақте шахс асари шуморо мехонад, рӯзгори ноҳамвори Сотим Улуғзода инсонро ба риққат меорад…
-Бале, зиндагии устод Сотим Улуғзода пур аз печутоби тақдир аст. Дар бачагӣ ятим монда, дар интернат тарбия гирифтанд. Пайроҳи эҷодиашон низ ҳамвор набуд. Дар 54 солагӣ, ҳамсарашон Клавдия Улуғзода мефавтад, ки барои устод дарди сангин буд. Солҳои 1967-1969 ба дафтари шарҳи ҳоли адиб саҳифаҳои тоза, аммо нангину фоҷиаомез зам мешаванд, ки ба «фирор»-и фарзанди ӯ Азиз иртибот мегиранд. Нависанда нахустписарро ба хотири бародари дар Тошканд фавтидааш Азиз ном ниҳода буд. Азиз то синфи ҳаштум дар шаҳри Душанбе таҳсил карда, сипас озими Маскав мегардад ва дар хонаи хешовандони модариаш истиқомат намуда, баъди хатми синфи даҳум ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав дохил мешавад. Хониши хубу аъло ӯро ба вазифаи сарвари комсомолони Донишгоҳ мушарраф мегардонад. Ӯ минбаъд тақдирашро бо ин боргоҳи маърифат якҷоя дида, рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд ва аз фанни «Таърихи ИМА» дарс мегӯяд. Аз тариқи Кумитаи Марказии ВЛКСМ чанд бор ба хориҷи кишвар сафар мекунад. Сафари хориҷии Азиз дафъаи охир моҳи декабри соли 1967 дар ҳайати давлатӣ ба Ҳиндустон сурат мегирад. Дар санаи 20 декабри ҳамин сол, соати 00:30 дақиқа ба меҳмонхонаи «Ранҷит»-и Деҳлии Нав гурехта, аз сафоратхонаи дар Ҳиндустон будаи Англия паноҳ меҷӯяд ва сипас ба сафоратхонаи ИМА рафта, паноҳгоҳи сиёсӣ дархост менамояд.
Баъди муҳоҷирати Азиз ба хориҷа ва қабули шаҳрвандии Британия Сотим Улуғзода дучори таъқибҳо гардид ва аз сафи ҳизби коммунист ронда шуд.
Аммо қабл аз ин ки ӯ аз ҳизб ронда шавад, сарварони ҳизби коммунисти Тоҷикистон эшонро маҷбур месозанд, то ки ба таври расмӣ Азизро «оқ» кунад ва аз баҳраш гузарад. Аммо Сотим Улуғзода фармоиши он сангдилонро амалӣ накарда, балки ҳама таҳқир ва фишори маънавиро худ қабул намуданд… Осон нест… Ман ба иродаи он кас қоил ҳастам. Зеро бо вуҷуди ин ҳама фишору тазйиқ боз чунин асарҳои мондагон навиштанд, нашикастанд.
-Ба фикри шумо чаро Азиз Улуғзода ватанро тарк кард?
-Дар мавриди тарки ватан кардани Азиз Улуғзода фикрҳои гуногун ҳаст. Ин ҷо як гуфтаи профессор Худоназар Асозодаро мисол меорам, ки моҳи марти соли 2012 зимни баргузории кнофорнсе ба бузургдошти Сотим Улуғзода ироа шуда буд: ”Улуғзода дар ҳаёт мавриди фишорҳои зиёде қарор гирифт. Бахусус дар замони шӯравӣ, ҳангоме ки писараш фирор кард. Аммо ин фирор набуда, супориши идораҳои махсуси Шӯравӣ буд”. Ман ҳам гумон мекунам, ки рафтани Азиз Улуғзода аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар такя ба ягон нерӯ буд… Сотим Улуғзода аз ин чиз хабар надоштанд ва зиёд азият кашиданд.
Як лаҳзаро нақл мекунам. Боре банда се дӯсти ҷонӣ — Зариф Раҷабов, Сотим Улуғзода ва Шарифҷон Ҳусейнзодаро барои истироҳат ба Варзоб бурдам. Он ҷо боз сухан аз фишоровариҳои ноҷои ҳизбу ҳукумат нисбати устод рафт. Зариф Раҷабов ва Шарифҷон Ҳусейнзода ба дӯсташон маслиҳат доданд, ки тариқи муроҷиати расмӣ ба ҲК Тоҷикистон ва ҳукумат авфи Азизро талаб кунанд. Устод посух доданд, ки ин намешавад, талаби онҳо қатъӣ аст, мехоҳанд аз баҳраш гузараму писарамро “оқ” кунам.
Зариф Шарифоич луқма партофтанд: “Сталин аз гуноҳи фелдмаршали немис Паулюс гузашт кард, ноход гуноҳи Азиз нобахшиданӣ бошад?…”. Ин ҳарфи Зариф Рафабов ишора ба нотавонбиноне, буд ки устодро сиёҳ мекарданд.
Дар идома Шарифҷон Ҳусейнзода бадоҳатан байти зерини Ҳофизро хонданд:
Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,
Кардам ҷиноятеву умедам ба афви ӯст…
-Мегӯянд, ки аҳли адаби Тоҷикистон метавонистанд, Улуғзодаро наҷот диҳанд, метавонистанд, ки пеши роҳи сиёҳ кардани ӯро гиранд, зеро падар ба гуноҳи писар ҷавобгар нест. Аммо ин корро накарданд, баръакс ӯро бештар “сиёҳ” карданд. Назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?
— Дар пленуми 16-уми ҳизби коммунист, ки моҳи декабри соли 1969 баргузор шуд, нависанда Сотим Улуғзодаро барои фирори фарзандаш аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва паноҳгоҳи сиёсӣ ҷустанаш аз Британияи Кабир муҳокима мекарданд. Шоҳидон, иштирокчиёни пленуми мазкур мегӯянд, ки чандин нафар аз вакилон мехостанд, ки устод дар сафи ҳизб монад, вале бюрои Кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон ин масъаларо гӯш кардан ҳам намехостанд. Ходими намоёни давлатӣ Мирзо Бобоев дар ёддоштҳои хеш менависад: “Мо ҳама аъзоёни пленум гунаҳгорем. Бароямон аламовар аст, ки ин тавр шуд. Чаро дар ҳаққи нависандае, ки гуноҳе содир накарда буду танҳо содиқона ба халқу ватанаш хизмат кардааст, чунин беадолатӣ сурат гуирфт? Мо Сотим Улуғзодаро ба ҷазои ноҳақу ноодилона сазовор донистем”.
Баъдан масъалаи аз сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ хориҷ кардани устод Сотим Улуғзода ба миён меояд, вале хушбахтона он дастгирӣ намеёбад.
Аз адибони номии тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Мутеъулло Наҷмиддинов, Шарифҷон Ҳусейнзода, Раҳим Ҳошим, олимон Зариф Раҷабов, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон борҳо ба Иттифоқи нависандагон масъалаи барқарор кардани номи неки Улуғзодаро ба миён гузоштанд, аммо аз Кумитаи марказӣ посухи рад меомад.
Нависанда Ҷалол Икромӣ дар китоби ёддоштҳои хеш “Он чӣ аз сар гузашт” ёдовар мешавад, ки мо борҳо ба Мирзо Турсунзода муроҷиат намудем, ки тақдири Улуғзода мусбӣ ҳал шавад. Мирзо Турсунзода чанд маротиба ба Расулов котиби якуми Секаи Тоҷикистон мероҷиат кард, ба партия барқарор кардани Улуғзодаро илтимос кард, лекин Ҷ. Расулов қабул накард”.
Он рӯзҳо яке аз шахсиятҳои маъруфи аҳли илму адаб Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки ба ҳайси раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ифои вазифа доштанд, кӯшиш карданд устодро ҳимоя кунанд, аммо натавонистанд. Сотим Улуғзода дар хотироти хеш дар бораи А. Қаҳҳоров, ки он баъди маргашон бо номи “Дар фазилати марди фозил” (“Ҷумҳурият” 31 июли соли 2003), нашр шуд чунин ёдрас мешавад: “Ман Абдулаҳад Қаҳҳоровро ҳамчун марди хайрандеш ва роҳбари фарохназари некбин мешиносам. Вақте писарам дар хориҷа майли зистан кард, баъзе ҳизбиёни “содиқ” ба сиёҳкунии банда пардохтанд, ба сӯям санги маломат афканданд ва то андозае тирашон ба ҳадаф расид. Дар ин айёми нобасомон дӯстони забониву ҷониямро дурусттар шинохтам… Як шомгоҳӣ маро ба хонаи ҳамсояам Маҳмудбек Нарзибеков хостанд ва гуфтанд, ки як дӯстатон шуморо дидан мехоҳад”. Рафтам, ки дар сари дастурхон Абдулаҳад Қаҳҳоров нишастаанд. Суҳбатамон то дер тӯл кашид. Қаҳҳоров дар фароварди мулоқот ба воқеи ба сарам омада ишоратан гуфтанд: “Бубахшед, дӯсти азиз, Сотимхон, дар зиндагӣ ҳар хел воқеа ба сари кас меояд. Ҳикмати тасаллобахш аст: “Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад”. Шумо аз ин воқеаи нохуш малулу мушавваш нашавед. Гузашти вақт, чун довари адолат, хайру шар ва ҳақу ноҳақро собит хоҳад кард. Сабур бошед домулло, бурдборист бурди одамизод”…
-Дар китоби шумо як бахши муҳим ба муносибати Сотим Улуғзода ба адибони ҷавон бахшида шудааст. Мехоҳам дар ин маврид назари худро би гуед.
-Устод Сотим Улуғзодаро баъди фоҷеаҳои ба сарашон омада, чӣ тавре гуфтам, адибони ҷавон иҳота карда гирифтанд. Сорбон, Кӯҳзод, Лоиқ, Абдулҳамид Самад бо устод равуо доштанд. Устод Улуғзода низ ҳамеша дар ҷараёни адабиёт буданд ва ҷавонони боистеъдодро дастгирӣ мекарданд. Ман дар китобам муносибати самимонаву хайрхоҳонаи устодро бо Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло ва Фарзона нишон додам.
Шоири маъруф Ҳабибулло Файзулло аз Ховалинг аст. Устод Улуғзода зимни ҷустуҷуи мавод барои романи «Восеъ» дар солҳои 60-ум ба Ховалинг мераванд. Дар ин ҷо он кас бо ҷавони соҳибистеъдоде вомехӯранд, ки зебо шеър мегуфт ва фаҳмиши хуби адабиётро дошт. Эшон дурахшон будани ояндаи ӯро ҳис карда, вайро зери қаноти худ мегиранд. Он ҷавон Ҳабибулло Файзулло буд, ки бо мурури замон шоири забардаст шуд, вале мутаассифона умри зиёд надид. Аз чунин хайрхоҳии устод ҷавонони дигар низ бебаҳра набуданд.
-Сотим Улуғзода дар ғурбат ҷон дод. Сабаби аз Душанбе рафтани эшон дар чӣ буд?
-Гумон мекунам, вазъи саломатӣ ва шароити зиндагӣ. Эшон дар Маскав бемор шуданд ва азоб ҳам кишиданд. Дар Маскав низ адабиётшинос Сафар Абдулло, журналист Ҳалима Хушқадамова ва дигар фарҳехтагони тоҷик аз ҳоли устод хабар мегирифтанд. Хуб шуд, ки зимни яке аз сафарҳояшон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сотим Улуғзодаро аёдат карда, баъди марг турбати он касро оварда дар Ватан гӯрониданд. Ин хизмати бениҳоят муҳимми президенти кишвар аст.
Имрӯз мардуми тоҷик устод Улуғзодаро дӯст медорад, қадр мекунад ва осорашонро мехонад. Ман ҳам хостам дар ин замина, хизмати ба устод Сотим Улуғзода намуда, рӯзгори он касро рӯйи коғаз орам, то ки хонандагонашон эшонро ба хубӣ бишносанд.
Соли 2016
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ