Усмонов бо олами ҷиноӣ робита дорад?
Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов бо талаби ҳазфи мақола дар бораи робитаи ӯ бо султони олами ҷиноӣ «Шакро Молодой» ё Захарий Калашов ба додгоҳи Басманнии Маскав муроҷиат кард.
Дар ин бора намояндаи додгоҳ Юнона Тсарева рӯзи 3-юми декабр ба шабакаи телевизионии РБК хабар дод.Усмонов барои зарбаи маънавӣ аз мақолае, ки дар сомонаи Russian Criminal нашр шуд, 50 ҳазор рубл талаб кардааст.Дар аризае, ки вакилони Алишер Усбонов ба додгоҳ доданд, се мақола: «Алишер Усмонов. Статус: авторитет», «Алишер Усмонов в дело Шакро» ва «О связах Усмонова с ОПГ» зикр шудааст. Ба гуфтаи миллиардер, дар ин се мақола маълумоти нодуруст ироа шуда, ҳаққи ӯро барои ҳимоя аз шарафу обрӯ нақз мекунанд.Дар аризаи додгоҳӣ «Роскомнадзор», ки Усмонов аз он ҳазфи мақоларо талаб кардааст, ҷавобгар муаррифӣ шудааст.Захария Калашов ё Шакро Молодойро додгоҳи Маскав моҳи март ба 9 соли зиндон дар маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард. Ӯ дар ду мавриди пулситонӣ гунаҳкор эътироф шуд. Мавриди аввал ба молики қаҳвахонаи Elements дар Маскав Жана Ким рабт дошт; мавриди дуюм ба раҳбари «Норднефтгаз» Лев Гарамов.Шакро Молодой аз молики аввал 8 миллион ва аз Гарамов 10 миллион рубл талаб кард. Ҳукми ҳабси ӯ 28 ноябр тасдиқ шуд.Ёдовар мешавем,ки Алишер Усмонов ва зани ӯ ҳафтаи равон аз дасти Путин орден гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ